Бо доираҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулокот барпо гардид

    Ҳукумат 18 Avgust 2022 6072

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Ҷидда бо роҳбарони ширкатҳои пешбар ва сохторҳои молиявии Шоҳигарии Арабситони Саудӣ вохӯрӣ баргузор намуд.

    Дар чорабинӣ вазири сармоягузорӣ Холид ал-Фолиҳ, инчунин роҳбарони тақрибан 20 ширкат ва корпоратсияҳои калонтарини шоҳигарӣ, аз қабили ACWA Power, SABIC, Saudi National Bank, Al Rajhi Capital, Ma'aden, Petromin, Jamjoom Pharma, SEDCO, Salic, Albawani, Ajlan & Bros, Desert Technologies ва дигарон иштирок карданд. Баргузории вохӯриҳо бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дар ҷараёни сафарҳои хориҷии сарвари давлат хусусияти анъанавӣ пайдо карда, онҳо имкон медиҳанд, ки нуқтаҳои наздикшавии манфиатҳо, дурнамои кооператсияҳои саноатӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ муайян карда шаванд.

    Ўзбекистон ва Арабистони Саудӣ барои он ки муносибатҳоро ба сатҳи сифатан нав, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ бароранд, иқтидори бузург доранд. Солҳои охир мунтазам ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон баргузор мешаванд. Ҳаҷми муомилоти мол меафзояд, корхонаҳои муштарак ташкил карда мешаванд.

    Президент қайд кард, ки дар мулоқоти дирӯза бо Валиаҳд доир ба афзоиши чандкаратаи ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои соҳибкорон ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    Ҳамаи ин барои шарикии тиҷоратӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Аз ҷумла, Ӯзбекистон барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда, ҳузури сармояи хориҷиро васеъ менамояд.

    Таҷрибаи як қатор ширкатҳои Арабистони Саудӣ, ки тӯли чанд сол дар Ӯзбекистон бомуваффақият фаъолият мекунанд, қайд карда шуд. Ҳамин тариқ, дар айни замон дар якҷоягӣ бо ширкати ACWA Power татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба маблағи 2 миллиарду 600 миллион доллар оғоз шудааст.

    Таваҷҷуҳи иштирокдорон ба натиҷаҳои бесобиқаи Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Саудӣ, ки дар арафаи сафар баргузор гардид, ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, дар натиҷа созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии зиёда аз 14 миллиард доллар ба имзо расид.

    Таъкид шуд, ки тайи 30 соли охир чунин созишномаҳои пешрафта вуҷуд надоштанд ва корҳо барои фароҳам овардани шароити беҳтар барои шарикони саудӣ идома хоҳанд ёфт.

    Сарвари давлати мо аз ширкатҳои Саудӣ даъват кард, ки барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нав боз ҳам наздиктар ҳамкорӣ кунанд.

    Дар рафти мулоқот Президент Шавкат Мирзиёев дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баён кард. Ҳамин тариқ, тиҷорати саудӣ барои иштирок дар раванди хусусигардонии бонкҳои бузург, объектҳои саноатӣ ва инфрасохтории Ӯзбекистон даъват карда шуданд. Яке аз умедбахштарин самтҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак соҳаи «энергетикаи сабз» ва «иқтисодиёти сабз» мебошад.

    Ҷониби Ӯзбекистон, тавре зикр гардид, омода аст, ки дар бунёди неругоҳҳои бодӣ, истихроҷи водороди «сабз», рушди энергетикаи алтернативӣ, амиқсозии рақамикунонии саноат ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ фаъолона кор кунад.

    Раҳбари мамлакатамон аз густариши шарикӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, био ва нанотехнологияҳо, таъминоти барномавӣ, интеллекти инноватсионӣ ва сунъӣ манфиатдор будани Ӯзбекистонро таъкид намуд.

    Пешниҳод шуд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳӣ диққати махсус дода шавад.

    Инчунин, дар Ўзбекистон бо иштироки Фонди рушди Саудӣ идома додани кор оид ба такмил додани лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои таъминоти обу қувваи барқ ба нақша гирифта шудааст.

    Дар посух ба даъват ба ҳамкорӣ роҳбарони ширкатҳо, холдингҳо ва корпоратсияҳои Арабистони Саудӣ ба шароите, ки дар Ӯзбекистон барои соҳибкории фаъол фароҳам оварда шудаанд, баҳои баланд доданд. Онҳо дар баромадҳои худ аз нақшаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар кишвар, дурнамои рушди робитаҳо ва ҳамкориҳо дар ҷанбаи васеи самтҳо ибрози назар намуданд.

    Президент Шавкат Мирзиёев пешниҳод ва ақидаи шарикони саудиягиро бо диққат шунида, қайд намуд, ки бобати татбиқи ҳамаи лоиҳаҳо назорати қатъӣ муқаррар карда мешавад.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки “Харитаи роҳ”-и маҷмӯиро бо нишон додани механизмҳои таъсирбахш ва мӯҳлатҳои мушаххаси иҷро қабул кунанд. Ҳамин тариқ, бинобар самтҳои алоҳида роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои тамоми созишномаҳои дар рафти сафар ҳосилшуда шахсан масъул хоҳанд буд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates