Шаҳодатномаҳои марбут ба мақбараи Исмоили Сомонӣ, маҷмааҳои Чор Бакр, Баҳоуддини Нақшбанд, масҷиди Мағоқи Аттор, ансамбли Пойи Калон, харобаҳои шаҳри бостонии Пойкент ва мадрасаи Тошсарой аз ҷониби директори генералии ICESCO Салим Ал Малик супурда шуд.

Ба рӯйхати ЮНЕСКО шомил шудани ёдгориҳои таърихии кишвари мо барои тарғиби мероси ғании фарҳангии мо дар саросари ҷаҳон, бахусус, барои боз ҳам шинохти минбаъдаи фарҳанги мо дар олами ислом аҳамияти бузург дорад. Ҳудуди Ўзбекистон тарихан ҳудуди  ба рушди ислом саҳмгузошта ба ҳисоб меравад.

Агентии мероси фарҳангӣ ният дорад, ки ҷиҳати тарғиби мероси ғании фарҳангии кишварамон, бахусус ёдгориҳое, ки дар рушди дину фарҳанги мо нақши бузург доштаанд, бо иштироки уламои исломӣ конфронсҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои амалӣ ташкил намояд, инчунин грантҳои байналмилалиро барои  ҳифзи мероси фарҳангӣ ҷалб созад.