Дар ин бора воситаҳои ахбори оммавии Русия бо истинод ба мусоҳибаи Сергей Лавров ба рӯзномаи итолиёвии Corriere della Sera хабар доданд.
Ба гуфтаи Лавров, Маскав ҳанӯз ҳам "барои нишасти Русия ва Амрико дар Будапешт омода аст".
Ӯ илова кардааст, ки пас аз баъзе "хабарҳои ғайрирасмӣ" гирифтани Трамп мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА баргузор нашуд. Вазири Русия мушаххас накард, ки ба кадом хабарҳо ишора мекунад.
Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи имкони баргузории мулоқот бо роҳбари Кремл Владимир Путин дар Будапешт изҳори назар намуда, таъкид кард, ки "ҳамеша имкон вуҷуд дорад".
Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки сарвазири Маҷористон Виктор Орбан зимни сафараш ба Вашингтон барои мулоқот бо Президенти ИМА гуфта буд, ки барои водор кардани Трамп ҷиҳати гузаронидани мулоқот бо раҳбари Кремл Владимир Путин кӯшиш хоҳад кард, хабар медиҳад korrespondent.net.








