Дар мамлакат сохтмонҳои доманфарох идома додрад. Аз соли 2017 11410 иморати бисёрҳуҷра сохта шудааст, ки ба ҳалли масъалаи манзил ва беҳсозии шароити зиндагии аҳолӣ мусоид менамояд.
Инчунин сейсмология босуръат инкишоф меёбад, ки яке аз самтҳои муҳим дар сохтмон мебошад. Дар ин соҳа ба ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ ва татбиқи технологияи инноватсионӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Ғайр аз ин, Ӯзбекистон чун ташаббускор дар бисёр самтҳои ҳамкории байналхалқӣ баромад менамояд.
Тавре ки маълум аст, 29 апрели соли 1966 дар Тошканд заминҷунбии харобиовар ба вуқӯъ пайваста буд. Президенти Ӯзбекистон бо ташаббуси таъсиси Рӯзи хотира ва ҳамбастагӣ баромад намуд то ки хотираи қурбониёни заминҷунбӣ пос дошта шавад ва ногузирии ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа ёдрас гардад. Ба хотири эътирофи ташаббуси мазкур Ассамблеяи генералии СММ ба қарибӣ резолютсия қабул намуда, 29 апрелро чун Рӯзи байналхалқии хотираи қурбониёни заминҷунбӣ эълон намуд.
Барои мутобиқат намудан ба стандартҳои байналхалқӣ дар ин соҳа роҳбари давлат вазифаи пурзӯр намудани эътиборро ба сифати сохтмонҳои нав гузошт. Бинобар ин чорабиниҳо дар заминаи баланд бардоштани бардошти сейсмикии иморатҳои бисёрҳуҷра ва таъмини бехатарии аҳолӣ ҳангоми заминҷунбӣ андешида мешаванд.
Аз он ҷумла, бо иштироки мутахассисони институтҳои давлатии лоиҳакашӣ дар маҳалҳо тадқиқотҳо бурда шуданд. Дар асоси натиҷаҳои ин тадқиқотҳо ва таҳлили вазъияти сейсмикӣ дар минтақаҳо пешниҳодот дар заминаи такомули минбаъдаи низоми бехатарии сейсмикӣ таҳия гардиданд.
Татбиқ намудани амалиёти нави муоинаи биноҳо бо ҷалб намудани мутахассисони хориҷӣ пешбинӣ гаштааст. Табодули таҷриба дар бобати сохтмони биноҳои иқоматӣ, ба заминҷунбӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ тобовар афзуда мешавад. Инчунин баргузор намудани муоинаи инструменталӣ-техникии биноҳо барои ифшо ва бартарафсозии камбудиҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бинобар ҷамъбасти ин чорабиниҳо ва бодарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бобати баҳогузорӣ ба хатари сейсмикӣ, таъсир ва хатар тағйирот дохил карда мешавад.
Президент таъкид кард, ки сифат ва бехатарӣ дар сохтмон бояд бартарият дошта бошад ва аз ин хотир дар бобати инкишофи илмии ин самт ва татбиқи бархурдҳои замонавӣ дар соҳа супоришот дод.