Афзоиши аҳолӣ ва густариши урбанизатсия талаботро ба масолеҳи баландсифати бинокорӣ зиёд мекунад. Шабака мутобиқи ин ривоҷ меёбад. Лоиҳаҳои зиёд амалӣ гардида, ҳоло қариб 10 ҳазор корхона фаъолият доранд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолот 8 фоиз, содирот 11 фоиз афзуд. Дар доираи барномаи сармоягузорӣ 9 лоиҳаи бузург ба маблағи 500 миллион доллар ба роҳ монда шуд. Дар шаҳрҳои Душанбе, Кобул ва Филаделфия “Хонаи савдои Ӯзбекистон” ташкил гардиданд.
Ҳоло дар пеш нақшаҳо зиёданд. То анҷоми сол 312 лоиҳа ба маблағи 2,4 миллиард доллар амалӣ гардида, таъсиси 16 ҳазор ҷойи кори сердаромад, ба 53 триллион сӯм расонидани ҳаҷми истеҳсолот, ба 12 миллиард доллар баробар кардани содирот пешбинӣ шудааст.
Зимни тақдимот масъулин оид ба тадбирҳои ноил шудан ба ин нишондодҳо ҳисобот доданд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки масъалаҳои сифат, арзиши аслӣ ва маданияти сохтмон дар соҳа муҳим мебошанд. Оид ба ҷорӣ кардани технологияи муосир, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ, истифодаи васеи онҳо дар сохтмонҳои дохили кишвар вазифаҳо гузошта шуд.
Дар ин самт илм ва тадқиқоти амалӣ нақши муҳим мебозанд. Бо ин мақсад дар соҳа маркази тадқиқотии “R&D” таъсис дода шуда, аз Олмон мушовир ҷалб карда шуд.
Масалан, кор оид ба технологияи тайёр кардани прокати бетонӣ барои каналу заҳбурҳо оғоз ёфтааст. Дар натиҷа вақт ва маблағеро, ки барои бетонрезӣ сарф мешавад, 10 фоиз ва сарфи обро 3-5 фоиз кам кардан мумкин аст.
Сарвари давлат ба геология ва илм диққати махсус дода, зарурати ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ баровардани маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашударо таъкид кард. Самтҳое, ки сарфи энергия ва захираҳо зиёд аст, таҳлил гардида, аҳамияти истифодаи роҳҳои самарабахши инноватсионии сарфакорӣ нишон дода шуд.
Соли гузашта ҳангоми аз аудити барқ гузаронидани корхонаҳои бузурги шабака, имкони сарфаи 300 миллион киловатт соат муайян гардид. Таъкид шуд, ки тавассути нав кардани технология ва ташкили оқилонаи тартиби кор дар чунин корхонаҳо хароҷотро кам кардан мумкин аст.
Вазифа гузошта шуд, ки дар платформаи «Шаффоф қурилиш» феҳристи корхонаҳои масолеҳи сохтмониро таъсис дода, тавассути он назорат аз болои сифати маҳсулот таъмин карда шавад.









