Чунон, ки маълум аст дар фазои Созмон ба мушкилоти мубрами замони  мо – рӯзномаи экологӣ таваҷҷуҳи махсус дода, оид ба муҳофизати табиат тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президент дар Ӯзбекистон барномаи «Макони сабз» татбиқ мегардад. Чунин лоиҳаҳо дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Венгрия низ вуҷуд доранд.

Самарқанд ин саъю кӯшиши наҷибро муттаҳид кард. Пас аз рӯйдодҳои асосии нишаст роҳбарони кишварҳои туркӣ аз майдони Регистон дидан карданд. 
– Дар ин ҷо, дар майдони боҳашами Регистон, ки шоҳиди руйдодҳои зиёди таърихист, мо ба давраи нави тамаддуни туркӣ қадами рамзӣ гузошта истодаем. Анъанаҳои бисёрасринаи гузаштагони бузургамонро идома дода, мо ба боз як ташаббуси нек оғоз бахшидем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ анъанаи халқҳои мо, рамзи умумияти орзую умедҳои имрӯза мебошад.

– Агар гӯем, ки ҳамаи ин чорабиниҳо тимсоли равшани ягонагии саъю кӯшиши мо дар роҳи тараққиёти умумӣ ва некӯаҳволии халқҳои туркӣ мебошад, муболиға нахоҳад шуд. Мо ба он баҳои баланд медиҳем, ки имрӯз сарони муҳтарами ҷаҳони туркӣ бо дасти худ дар ин замини ҳосилхез ниҳол мешинонанд. Зеро, ин ниҳолҳо чун дарахти ҳаёт нашъунамо ёфта, ба боғи дӯстӣ ва боварии тарафайн, маънавиёт ва оянда табдил меёбад, – гуфт сарвари давлат. 

Пас аз ин роҳбарони Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Венгрия дар боғи маҷмӯъ ниҳол шинонданд.

Маросим тавассути алоқаи видеоӣ дар пойтахтҳои ин кишварҳо ва вилоятҳои Ӯзбекистон намоиш дода шуданд. Дар он ҷо низ ҳазорҳо бех ниҳол шинонда шуданд. Ҳамин тариқ, чорабинӣ сатҳи байналмилалӣ пайдо кард.

Суратгирии муштараки сарони давлатҳои туркӣ ба амал омад.