«Боварӣ дорам, ки авҷгирии минбаъдаи зӯроварӣ боиси ба таври васеъ ноустувор шудани вазъияти байналхалқӣ, чалб намудани қувваҳои нав ба муқовимати мусаллаҳона мегардад.
Ҳамаи ин метавонад боиси оқибатҳои пешгӯиашон душвор, фочиавие гардад, ки аз доираи минтақаи Шарқи Наздик дуртар мебароянд.
Бинобар ин мо ҳар ду тарафро ба мусолиҳаи таъхирнопазири башардӯстона ва бас кардани амалиёти ҷангӣ ва бо роҳи осоишта яктарафа кардани низоъ даъват менамоем.
Тавре ки маълум аст, минтақаи Осиёи Марказии мо таҷрибаи беназири ҳамзистии осоиштаи намояндагони миллату мазҳабҳои гуногунро дорад.
Дар тӯли асрҳо дар ин ҷо мусулмонон, насрониён ва яҳудиён паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар фазои дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ мекарданд.
Бо истифода аз фурсат, мехостам ба ҳамватанон, бахусус ҷавонон, муроҷиат кунам, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд.
Мо бояд зиндагии осудаву ороми худ, фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмие, ки дар кишвари мо ҳукмфармост, ҳифз кунем, ки бузургтарин неру ва сарвати бебаҳои мост», - гуфт Сарвари давлатамон.