Шавкат Мирзиёев: Мақсади мо – дар Ўзбекистони Нав ҷавонон ҳамчун шахсиятҳои баркамол ба воя расанд

    Ҳукумат 21 Oktabr 2022 5873

    Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмии худ ба Туркманистон аз Донишгоҳи давлатии ба номи Махтумқулии Туркманистон дидан кард.

    Ҷавонон, устодони санъат сарвари давлатмонро бо тантана истиқбол гирифтанд.

    Маросими додани унвони Профессори фахрии донишгоҳ ба Президенти кишварамон бургузор гардид. Ректори донишгоҳ Байрамгул Ораздурдиева ва Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аллаберди Аширов ба Шавкат Мирзиёев либоси Профессори фахрӣ ва шаҳодатномаи унвони дахлдорро бо тантана тақдим карданд.

    Сарвари давлатамон ба иштирокдорони ҷамъомад рӯ оварда, барои чунин унвони фахрӣ миннатдории самимӣ баён кард.

    Президенти Ӯзбекистон алоҳида таъкид намуд, ки масъалаҳои таълим ва тарбия аз замонҳои қадим ҳамчун пояи таҳаввулот, нерӯе, ки қудрати давлату халқҳоро афзун мегардонанд, хидмат мекарданд.

    – Ояндаи ҳар гуна ҷомеа бевосита ба он вобаста аст, ки насли ҷавони имрӯза то чӣ андоза бомаърифат ва баркамол инкишоф ёфтааст. Аз ин рӯ низ дар Ӯзбекистон чун дар Туркманистон дар низоми таълиму тарбия ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда мешавад.

    Мақсади мо он аст, ки ҷавонони Ӯзбекистони Нав ҳамчун шахсиятҳои баркамоли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури созанда, ки омодаанд барои тақдири Ватан масъулиятро ба зимма гиранд, ба воя расанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлатамон зимни суханронии худ ба масъалаҳои сиёсати байналмиллалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, эътибори худро ба зарурати муттаҳид намудани саъю талошҳои кишварҳои минтақа ҷиҳати вокуниши саривақтӣ ба чолишҳои нав ва ба таҳдидҳои пайдошаванда ҷалб намуд.

    – Танҳо як роҳи раҳоӣ аз вазъият вуҷуд дорад, – муколамаи созандае, ки дар асоси ба назар гирифтан ва эҳтиром кардани манфиати ҳар як давлат, ҳар як халқ асос ёфтааст, – таъкид намуд Президенти кишварамон.

    Қайд гардид, ки Ӯзбекистон бо Туркманистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ якдигарро дар доираи СММ ва дигар созмонҳо фаъол дастгирӣ намуда, самарабахш ҳамкорӣ мекунад.

    Шавкат Мирзиёев дар охири суханаш изҳори боварӣ намуд, ки Донишгоҳи давлатии Туркманистон анъанаҳои пуршарафи тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро боз ҳам афзун намуда, хатмкунандагони донишгоҳ ба кори наҷиби рушди минбаъдаи Туркманистон бо шараф хидмат хоҳанд кард.

    Донишгоҳи давлатии ба номи Махтумқулии Туркманистон кӯҳантарин ва калонтарин донишгоҳи мамлакат ба ҳисоб меравад. Он дар пойгоҳи Донишкадаи омӯзгории Ашқобод, ки соли 1931 кушода шуда буд, ташкил шудааст.

    Президенти Ӯзбекистон намоишгоҳи ҳаёти донишгоҳро аз назар гузаронд.

    Дар донишгоҳ 12 факултет: математика, физика, химия, биология, ҷуғрофия, таърих, забонҳои туркманӣ ва хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқшиносӣ фаъолият доранд. Дар донишгоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates