Шавкат Мирзиёев: Ба қаҳрамониҳои падару бобоёнамон сари таъзим фуруд меорем

    Ҳукумат 9 May 2022 7469

    Ба муносибати 9 май – Рӯзи Хотира ва қадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Боғи ғалаба ташриф овард.

    Оркестри ҳарбӣ «Оҳанги хотира»-ро иҷро кард. Сарвари давлат ба маҷмӯи ёдгории “Мадҳияи матонат” гулчамбар гузошт.

    Ин муҷассама ба ёди Зулфия Зокирова, модаре, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 5 писарашро аз даст дод ва арусҳои садоқатнок ва набераҳои ятиммондаи ӯ гузошта шудааст. Ҳайкал рамзи талафоти халқи мо дар ҷанг ва муборизаи онҳо барои озодӣ мебошад. «Мадҳияи матонат» ёдгориест, ки ба шарафи тамоми модарон, заноне, ки дар ҷанг аз фарзанд, шавҳар ва наздикон маҳрум шудаанд, гузошта шудааст.

    Намояндагони вазорату идораҳои низоми Қувваҳои Мусаллаҳ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ дар боғ ҷамъ омаданд. Дар суҳбат бо онҳо Президент ба халқамонро табрик кард.

    – Имрӯз ман дар ин Боғи ғалаба истода, собиқадорони гиромӣ ва тамоми мардуми моро бо ин ид самимона табрик мегӯям. Дар чунин лаҳзаҳо мо гузаштагони қаҳрамонамонро ба ёд оварда, дар назди мардонагии онҳо сари таъзим фуруд меорем. Роҳи сеқирраи ҳаёти онҳо, ки ба сулҳу озодӣ бахшида шудааст, барои авлоди оянда мероси бузургест, ки дар оташ намесӯзад, дар об ғарқ намешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат қайд кард, ки ин макон аз оқибатҳои ҷанг ва арзиши сулҳ ёдовар мешавад.

    – Имрӯз ҷаҳон бештар нигаронкунанда мешавад. Ҳар дақиқа мушкилоти нав ба миён меояд. Оё он ба мо таъсир мерасонад? Бешубҳа таъсир мерасонад. Аммо мо барои кам кардани ин таъсир ба ҳаёти халқи худ чораҳо дида истодаем. Бо меҳнату ваҳдати худ, Худо хохад, ин озмоишҳоро паси cap мекунем, – гуфт Президент.

    Намояндагони вазорату идораҳо ва аҳли ҷамъият низ ба пояи ҳайкали ёдгорӣ гулдастаҳо гузоштанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates