Шавкат Мирзиёев муовини Сарвазир - вазири корҳои хориҷии Қазоқистонро пазируфт

    Ҳукумат 16 Iyul 2021 3155

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини Сарвазир - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтар Тлеубердиро, ки дар чорабиниҳои Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: алоқамандии минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо” иштирок мекунад, қабул кард.

    Масъалаҳои мубрами минбаъдаи таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.

    Вазири корҳои хориҷӣ Мухтор Тлеубердӣ ба сарвари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва Нахустин Президенти Қазоқистон Елбошӣ Нурсултон Назарбоевро расонд.

    Ба омодагии чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ, инчунин пеш бурдани лоиҳаҳои кооператсияи иқтисодӣ ва барномаҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Рӯзномаи минтақавӣ дар заминаи вазъи Афғонистон ва омодагӣ ба Мулоқоти навбатии машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон аввали моҳи август баррасӣ шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates