Дере нагузашта дар ин ҷо корҳои калони эҷодӣ ба ҷо оварда шуданд. Бинои нави хонаи “Саховат” барои 120 нафар ва 4 коттеч қомат афрохт. Биноҳои маъмурӣ ва коммуналӣ таъмир карда шуданд, шабакаҳои барқ, об ва гармӣ нав карда шуданд.
Дар ҷараёни ин сафар Шавкат Мирзиёев боз аз ин муассиса дидан кард ва бо шароитҳо шинос шуд.
Барои ҳар як сокини хонаи "Саховат" утоқи алоҳидае пешбинӣ шудааст, ки бо телевизор, яхдон, мебел муҷаҳҳаз аст. Бароҳатии иловагӣ барои сокинон ҷойгиршавии ошхона, утоқҳои табобат ва утоқи физиотерапия, ҳавз ва толори варзишӣ дар ҳамон бино мебошад. Минтақаҳои истироҳатӣ ва китобхона барои фароғати пурмазмун мавҷуданд.
Автобуси “Isuzu” барои сафарҳо ва экскурсияҳои муштарак ҳамчун тӯҳфаи Президент ҷудо карда шуд.
Сарвари давлат бо намояндагони насли калонсол сӯҳбати гарм дошт.
- Дафъаи гузашта бо нидои қалбам назди шумо омада будам. Баъди бозгашт ба Тошканд бобати чӣ хел беҳтар кардани зиндагии шумо бисёр фикр кардам. Охир вазифаи ман ҳамчун сарвари давлат фароҳам овардани шароит барои шумост. Дидани он ки ҳоло шумо шароити хуб доред ва ташвишҳоятон сабуктар шудаанд, ман худро хушбахт ҳис мекунам. Агар шумо аз ҳаёт розӣ бошед, Худованд аз мо розӣ хоҳад шуд, дар кишварамон сулҳу осоиш ҳукм мефармояд, ба корҳоямон бошад, муваффақият ёр мегардад, -- деди Шавкат Мирзиёев.
Модарон ва падарони мӯҳтарам ба сарвари давлат барои фароҳам овардани шароити намунавӣ, ғамхорӣ ба онҳо изҳори сипос намуда, барои сулҳ ва шукуфоии кишварамон даст ба дуо бардоштанд.
Бо ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев сафарро ба вилояти Намангон ба анҷом расонда, ба Фарғона рафт.