Шавкат Мирзиёев: Шумо неруи бузургед

    Ҳукумат 1 Iyul 2022 5599

    Президент Шавкат Мирзиёев ҷавонони кишварро ба ҷашн табик кард ва нутқ эрод намуд.

    — Бо шумо вохӯрдан, бо орзую нақшаҳои наҷибатон шинос шудан, таклифу ташаббусҳои шуморо шунидан барои ман ҳамеша хурсандибахш аст. Шуҷоату шавқу саъю кӯшиши шуморо дида, ба чашмони оташинбори шумо нигариста, нерӯи беинтиҳо мегирам. Шумо чунин қудрати бузург доред, — гуфт Президент.

    Сарвари давлат қайд кард, ки ба ин ҷашн бо пешниҳодҳои нав омад, имкониятҳои иловагиеро, ки барои ҷавонон фароҳам оварда хоҳад шуд, эълон кард.

    Хусусан, акнун қариб 3 миллион нафар писарону духтарони 14-17-сола метавонанд аз имтиёзу сабукиҳои «дафтари чавонон» истифода баранд. Шумораи ин имтиёзҳо аз 11-тои ҳозира ба 25 мерасад.

    Аз соли таҳсили 2022-2023 сар карда миқдори пули шартномаи донишҷӯёне, ки ба самти "иҷрои мақом", "иҷрои асбобии мақом" ва "санъати бахшигӣ" қабул шудаанд, пурра аз тарафи давлат ҷуброн карда мешавад.

    Қабул ба техникумҳо соле ду маротиба гузаронда мешавад, шумораи грантҳои давлатӣ ду баробар зиёд мешавад. Барои таҳсил дар онҳо қарзи таълимӣ дода мешавад. Ба ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими хусусӣ технологияҳои IT-ро омӯхтан мехоҳанд, инчунин то 20 миллион сӯм воми имтиёзноки 4-сола дода мешавад.

    Барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёне, ки дар донистани забонҳои хориҷӣ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, 70 нафар донишҷӯ ва 14 нафар омӯзгорони онҳо аз ҳисоби давлат ба Британияи Кабир сафар хоҳанд кард.

    Сарвари давлат ба таъмини шуғли ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Зимнан зикр гардид, ки дар доираи барномаҳои соҳибкорӣ 220 ҳазор нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин гардида, 130 ҳазор нафар писарону духтарон барои касбомӯзӣ кумакпулӣ мегиранд, беш аз 110 ҳазор нафар ҷавонон ба ҷойҳои холии корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб карда мешаванд.

    Барномаи рушди мундариҷаи миллии ӯзбекӣ дар интернет амалӣ мешавад. Барои ин 10 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Аз соли равон 36 федератсияи спортӣ, 274 мактаби спортӣ якҷоя бо маҳаллахо, мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва техникумҳои дар ноҳияҳои худ воқеъгардида кор мекунанд. Дар ҳар як кӯча, дар ҳар маҳалла, мактаб, коллеҷ ва техникум командаҳои спортӣ ташкил карда мешаванд.

    Тавре маълум аст, дар ин рӯзҳо раванди ислоҳоти конститутсионӣ идома дорад. Сарвари давлат таъкид кард, ки беш аз 70 дарсади пешниҳоду ташаббусҳои воридшуда дар ин замина аз ҷониби ҷавонон ба миён гузошта шудааст.

    «Албатта, Конститутсияи навшуда Конститутсияи шумост, — гуфт Президент.

    Шавкат Мирзиёев суханони шори халқӣ Ғафур Ғуломро дар он хусус, ки халқи мо, Ватани мо омода аст дар ноил гардидан ба мақсадҳои баланд, наҷиб такягоҳи ҷавонон гардад, овард.

    Чорабинии тантанавиро дар Қароқалпоқистон ва вилоятҳо беш аз 220 ҳазор нафар ҷавонон пайгирӣ карданд. Президент бо онҳо тавассути алоқаи видеоӣ сӯҳбат кард.

    Дар арафаи Рӯзи ҷавонон бо фармон ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ҷавононе, ки дар соҳаҳои илм, варзиш, санъат, соҳибкорӣ ва дигар натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, бо медалҳои «Келеҷак бунёдкори» ва Мукофоти давлатии ба номи "Мард ӯғлон" сарфароз гардонда шуданд.

    Сарвари давлат ин мукофотҳоро бо тантана супурд.

    Чорабинӣ бо барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмуни «Ёшлар овози» ва ҳунармандони маъруфи эстрада идома ёфт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates