Дар ноҳияи Янгиҳаёт зиёда аз 184 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар солҳои охир дар ин ҷо хонаҳои нави истиқоматӣ сохта шуда, бисёре аз оилаҳо ба ин ҷо кӯчонида шудаанд. Барои таъмин намудани сокинони маҳаллаҳои нав бо ҷойҳои корӣ чораҳои фаъол андешида мешаванд.
Яке аз чунин тадбирҳо технопарки «Янгиҳаёт» мебошад, ки тибқи қарори Президенти Ӯзбекистон аз 4 феврали соли 2021 таъсис дода шудааст. Дар соли 2022 Шавкат Мирзиёев бо майдони сохтмонӣ ва лоиҳаҳои банақшагирифташуда шинос шуд. Барои технопарк 110 гектар замин ҷудо карда шудааст. Дар айни замон, 8 корхона бо ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба мицдори 101 миллион доллар ба истифода дода, 520 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд.
Президент бо фаъолияти баъзе корхонаҳо шинос шуд.
Масалан, дар ҶММ «Almerro Group» маҳсулоти қаннодӣ таҳти бренди «Krember» истеҳсол мешавад. Барои ин 3 гектар замин ҷудо гардида, ба лоиҳа 22 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Таҷҳизоти муосир аз Италия, Испания ва Туркия насб карда шудааст. Корхона ҳар сол 80 намуди маҳсулоти қаннодиро ба маблағи 320 миллиард сӯм истеҳсол намуда, 15-20 фоизи онро ба Чин ва кишварҳои ИДМ содирот мекунад.
Ширкати «Vera Modern Electrical», ки лоиҳаи арзишаш 21 миллион долларро амалӣ кардааст, 600 намуди маҳсулоти кабелӣ ва ноқилӣ истеҳсол менамояд. Корхона дорои иқтидори содиротии 4 миллион доллар буда, 35-40 фоизи маҳсулоти он ба бозори дохилӣ равона шудааст, сатҳи маҳаллисозӣ 70 фоизро ташкил медиҳад.
Президент бо маҳсулоти корхонаҳо шинос шуда, қайд кард:
– Шароите, ки барои соҳибкорон дар солҳои охир фароҳам оварда шудаанд, натиҷаҳои худро медиҳанд. Соҳибкорони мо маҳсулоти гуногун ва босифат истеҳсол мекунанд. Мо ин имкониятҳоро ҳар сол васеъ хоҳем кард. Зеро соҳибкор – асоси иқтисодиёт, такягоҳи давлат аст, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат инчунин бо лоиҳаи сохтмони биноҳои барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ омода шинос шуд. Дар технопарк ширкати Mimar Group маҷмааи дуошёнаеро сохтааст, ки ба корхонаҳои хурд ва ҳунармандон бо шартҳои насия пешниҳод мегардад. Ҳар як бино бо майдонҳои истеҳсолӣ ва намоишгоҳӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар айни замон, дар чунин биноҳо 4 корхона бо ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 3 миллион доллар фаъолиятро оғоз кардаанд. Онҳо ба истеҳсоли дару тирезаҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, профилҳои сохтмонӣ ва панелҳои офтобӣ машғуланд.
Ба Президент нақшаҳои рушди минбаъдаи технопаркро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, татбиқи 46 лоиҳа бо арзиши умумии 386 миллион доллар дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, электротехника, логистика ва хизматрасонӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои омодасозии кадрҳо низ омӯзиши дуалӣ ҷорӣ карда мешавад.
То соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки дар технопарк 37 лоиҳа ба маблағи 235 миллион доллар ва то соли 2026 як лоиҳа бо арзиши 50 миллион доллар амалӣ карда шаванд. Дар натиҷа, 10 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуда, иқтидори содироть ба маблағи 35 миллион доллар таъмин мегардад.
Дар давоми даҳ моҳи охир дар ноҳияи Янгиҳаёт зиёда аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин карда шуда, 6 ҳазор шаҳрванди дигар ҳамчун худкор фаъолият доранд.