Шавкат Мирзиёев ва Эммануэл Макрон бо намоишгоҳи бойтарин фарҳанги моддии Ӯзбекистон шинос шуданд

    Ҳукумат 23 Noyabr 2022 7567

    Пас аз он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон якҷоя бо ҳамсарони худ аз Институти дунёи араб дар Париж боздид намуданд.

    Ҳоло ҳозир аз ҷониби институт ва Фонди рушди маданият ва санъати назди Девони Вазирони Ӯзбекистон якҷоя намоиш зери унвони «Роҳи Самарқанд. Мӯъҷизаи шоҳӣ ва тилло» ташкил гаштааст, ки дар он мероси бойи моддии Ӯзбекистони ҳудуди асрҳои XIX-XX намоиш дода шудааст.

    Бори аввал дар Фаронса аз 23 ноябри соли ҷорӣ то 4 июни соли 2023 беш аз 300 экспонат аз 9 музейи калони Ӯзбекистон ба ҷамъияти васеи байналхалқӣ намоиш дода мешавад.
    Ба экспозитсия коллексияи бофандагӣ, ашёҳои пӯшок ва пойафзор, кулоҳҳо, ороишоти ҷавоҳирӣ ва ҳамчунин 24 осори наққошии авангарди туркистонӣ аз музейҳои Нуқус, Самарқанд, Бухоро ва Тошканд дохил гаштаанд. Дар доираи омодагӣ 89 ороишоти ҷавоҳирӣ таъмир гаштаандБарои президентҳо дар намоишгоҳ экскурсия ташкил гардида, дар бораи экспонатҳо маълумоти муфассал дода шуд.

    Ҷониби Фаронса аз зебоӣ ва нафосати ашёҳо изҳори тааҷҷуб намуд, ки онҳо аз даҳои эҷодӣ ва ҳунармандии ниёгон-ҳунармандонамон далолат менамуданд.

    Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса босамар буд.

    Дар поёни ташриф роҳбарони давлатҳо Изҳороти муштаракро бо мақсади рушди муносиботи фарогири шарикии дараҷаи олӣ қабул намуданд.
    14 шартнома имзо гардид, ки ба минбаъд васеъ намудани муносибати Ӯзбекистону Фаронса нигаронда шудааст. Дар байни онҳо Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Агентии рушди Фаронса оид ба татбиқи Барномаи ҳамкорӣ дар солҳои 2023-2025 ва Барномаи ҳамкории байни идораҳои сиёсати хориҷӣ дар солҳои 2023-2024 мавҷуд.

    Инчунин декларатсияҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мероси маданиву таърихӣ, таълимоти томактабӣ, халқӣ ва олӣ, рушди хидмати давлатӣ ба имзо расиданд.

    Ҳуҷҷатҳо дар соҳаҳои авиатсияи шаҳрвандӣ, мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани малакаи судяҳо, таълими забони фаронсавӣ ва аз рӯи дигар самтҳо қабул гардиданд.
    Бо ҳамин ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса ба поён расид.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates