Бар асоси ташхис ва таҳлилҳои лабораторӣ дар шуъбаи қабули таъҷилӣ маълум гардид, ки дар меъдаю рӯдаи бемор миқдори зиёди ашёи оҳанин, аз ҷумла мех ва саморезҳо мавҷуд аст.
Бино ба маълумоти шифокори дорои тоифаи олии марказ Йӯлдош Қулиев, пас аз анҷоми ҳамаи марҳилаҳои омодагӣ ба амалиёт, бемор бо усули лапаротомия ва гастростомия ҷарроҳӣ карда шудааст. Дар ҷараёни амалиёт аз холигии шикам қариб 200 грамм ҷисмҳои металлиро берун овардаанд.
Амалиёт қариб як соат идома ёфт. Ҳоло вазъи бемор хуб аст ва озодона ҳаракат мекунад.
Тибқи маълумот, мард бар асари фишори шадиди равонӣ ҳаракат ва рафтори худро назорат карда натавониста, ин ашёро фурӯ бурдааст.