Дар ин бора нашрияи Bild бо такя ба ҳуҷҷатҳои Идораи манзили Калифорния хабар дод. Ҳамзамон, бино ба маълумоти нашрия даромади миёнаи солона дар шаҳр ҳамагӣ 74 600 долларро ташкил медиҳад.

Ин аввалин ҳолат нест. Ҳукумати Калифорния қаблан аҳолии дигар шаҳрҳои маҳаллиро низ чун камдаромад эътироф карда буд, ки ин низ бо боло рафтани нархи хонаву ҷой марбут буд. Ҳамин тариқ, дар Санта-Барбара сокинони дорои даромади зери 98 900 доллар ва дар Сан-Диего — зери 92 700 доллар камтаъмин ҳисоб мешаванд, хабар дод oxu.az.