Вазорат гуфт, ки нуқтаҳои компрессории газпуркунии автомобилӣ тибқи ҷадвал кор хоҳанд кард. Соатҳои кори нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо назардошти шароити вилоят ва маҳал бо ҳокимиҳо мувофиқа карда мешаванд.
Вазорати энергетика қайд кард, ки бо афзоиши фишори газ дар лӯлаҳо, ба ҷадвали кори нуқтаҳои газпуркунӣ тағйирот ворид карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи декабри соли 2022 ба далели сардии ҳаво ва зарурати таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоӣ бо газу неруи барқ фаъолияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳдуд шуда буд. Аз 12 январ дар саросари кишвар нуқтаҳои компрессории газпуркунии автомобилӣ баста шуданд.