Имрӯз дар мамлакати мо ба ҷорӣ намудани модели нави хидматрасонии тиббӣ-санитарии ибтидоӣ, ки бар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мақсади наздиктар кардани тиб ба аҳолӣ таҳия шудааст, диққати махсус дода мешавад. Дар ин асос, поликлиникаҳои марказии бисёрсоҳа, нуқтаҳои шифокории оилавӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ, бунгоҳҳои тиббии маҳалла тибқи тамоюли ягона рушд мекунанд.
Дар натиҷа ба 70 дарсад расонидани ҳиссаи шифокорони оилавӣ пешбинӣ шудааст. Тавассути рақамисозӣ ва кам кардани гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ, аз се ба як ҳисса кам кардани сарбории кори кормандони тиббӣ, то ба сатҳи 85 дарсад баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон аз хизматҳои бахши ибтидоӣ чун мақсад муайян гардидааст. Ҳамзамон, низоми нави ҳавасмандгардонии моддии кормандони тиб ҷорӣ мегардад, ки он бевосита ба самаранокии касбии онҳо вобаста хоҳад буд.
Президент зарурати куллан такмил додани ёрии ихтисосонидашударо таъкид намуд. Дар мамлакат даҳҳо марказҳои илмӣ-амалии тиббӣ мавҷуд буда, онҳо бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонида мешаванд, аз буҷет маблағи калон ҷудо карда мешавад.
Бо вуҷуди ин, дар байни аҳолӣ ҳамоно эътирозҳо нисбат ба сифати хидмат ва навбатҳои тӯлонӣ вуҷуд дорад. Таъкид гардид, ки стандартҳои байналмилалии табобат дар марказҳои махсус ба таври кофӣ татбиқ нашудаанд ва корҳои методологӣ дар сатҳи ибтидоӣ сустанд.
Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки фаъолияти ҳамаи клиникаҳои махсуси ҷумҳурӣ бозбинӣ шуда, ба идораи онҳо менеҷерҳои муосир ва касбӣ ҷалб карда шаванд. Маркази онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ, ки мутахассисони турк дар он фаъолият доранд, метавонад намунаи равшан дар ин самт бошад.
Ҳоло баррасӣ ва нав кардани протоколҳои клиникӣ идома дорад: то имрӯз 400-тои онҳо аз нав дида шуданд, то охири сол ин рақам ду баробар хоҳад афзуд. Бо кӯмаки Бонки рушди Осиё методологияи тарифҳо барои зиёда аз се ҳазор хизмати тиббӣ таҳия мешаванд.
Сарвари давлат супориш дод, ки боз барои панҷ маркази дигар менеҷерҳои касбии хориҷӣ ҷалб гарданд ё имконияти идоракунии онҳо аз ҷониби клиникаҳои бонуфузи хориҷӣ омӯхта шавад.
Таъкид гардид, ки барои ин бояд дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ стандартҳои ташхис ва табобат таҳия, протоколҳои миллии клиникӣ роҳандозӣ, технологияҳои нав ҷорӣ, стратегияи дарозмуҳлат барои рушди марказҳо омода, мутахассисони баландихтисос ҷалб ва низоми одилона ва шаффофи расонидани кумаки тиббии босифат ба аҳолӣ офарида шаванд.
Дар ҷамъомад чорабиниҳо оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон низ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, имрӯз дар ҷаҳон масъалаи мушкилоти бо шири модар парвариш намудани кӯдакон хеле муҳим буда, суръати истифода аз маҳсулоти ивазкунандаи шири модар торафт меафзояд.
Бо мақсади ноил шудан ба иҷрои тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ки то соли 2030 бояд 70 фоизи кӯдакони то шашмоҳа танҳо бо шири модар ғизо гиранд, дар мамлакат барномаи миллии дастгирии ғизодиҳӣ бо шири модар тасдиқ хоҳад шуд.
Дар доираи барнома, ташаббусҳои СҶТ ва ЮНИСЕФ – “Муассисаи тиббӣ, ки барои бо шири модар ғизо додан, шароит фароҳам меоварад” ва “10 қадам ба сӯи ғизодиҳии муваффақ бо шири модар” ҷорӣ мегарданд. Кормандони соҳаи тиб оид ба ғизодиҳӣ бо шири модар омӯзонидани шуда, ҷиҳати афзунсозии дониши бонувони ҳомила ва модарон дар ин самт чорабиниҳо гузаронида мешавад.
Пешниҳод шуд, ки ба қонунгузорӣ доир ба маҳдуд кардани рекламаи маҳсулоти ивазкунандаи шири модар тағйирот ворид карда шавад, инчунин, талабот ва стандартҳо барои истеҳсол, воридот ва содирот, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯш ва расонидани маҳсулоти ғизоӣ, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст, такмил дода шаванд.
Президент аз пешниҳодҳои матраҳшуда ҷонибдорӣ намуда, оид ба наздиктар кардани тиб ба мардум ва баланд бардоштани сифати онҳо, кам кардани ҳолати марг аз бемориҳои ғайриуфунӣ ва таҳкими саломатии насли ҷавон як қатор супоришҳо дод.












