Натиҷаҳои таҳқиқоте, ки рӯзи сешанбе эълон шуд, нишон медиҳанд, ки амнияти озуқаворӣ дар Сомалӣ ба таври ҷиддӣ бад шудааст ва ин боиси камбуди об, нобуд шудани киштзорҳо ва чорво, инчунин муҳоҷирати оммавӣ дар саросари мамлакат гардидааст.

Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) ҳафтаи гузашта ҳушдор дод, ки дар сурати набудани ӯҳдадориҳои нави маблағгузорӣ, расонидани кумаки изтирории озуқаворӣ барои наҷоти ҷони мардум зери хатар мемонад.

Пешбинӣ мешавад, ки то моҳи март 6,5 миллион нафар дар Сомалӣ ба гуруснагӣ ё паёмадҳои шадиди он рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки ин нисбат ба моҳи январ 1,7 миллион нафар бештар аст. Ҳоло аллакай 2 миллион нафар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Соли 2026 дар Сомалӣ аз камғизоии шадид ранҷ кашидани зиёда аз 1,8 миллион кӯдаки то панҷсола пешбинӣ мешавад. Қариб ним миллион нафари онҳо метавонанд ба сатҳи хеле вазнини камғизоӣ гирифтор шаванд.

WFP огоҳ намуд, ки агар маблағгузории иловагӣ ҷудо нашавад, расонидани кумаки ҳаётан муҳим ба Сомалӣ дар чанд ҳафтаи оянда қатъ мегардад, хабар медиҳад news.un.org.