Вохӯрии онлайнии ("Гурӯҳи-6") намояндагони махсуси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шуд

    5 сентябри соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Покистон байни намояндагони махсуси Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин оид ба Афғонистон гуфтушунидҳои виртуалӣ баргузор шуданд.

    Тарафҳо аҳамияти муттаҳидсозии талошҳои минтақавиро барои ҳалли осоиштаи бӯҳрони Афғонистон, таъсиси ҳукумати фарогир дар кишвар дар асоси намояндагии васеъ, таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон ва ақаллиятҳои миллӣ қайд карданд.

    Таваҷҷӯҳ ба аҳамияти иҷрои ӯҳдадориҳои Толибон оид ба пешгирии фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон ва ҳама гуна таҳдидҳо аз қаламрави ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя равона карда шуд.

    Дар бораи самтҳои афзалиятноки расонидани кӯмаки ҳамаҷониба, аз ҷумла, кӯмаки башардӯстона дар давраи пандемия ва пешгирии бӯҳрони озуқаворӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates