Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои нақлиётию коммуникатсионӣ миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмон додани долонҳои кӯтоҳу қулайи нақлиёт ва афзоиши ҳамлу нақли транзитӣ баррасӣ шуданд.
Бо мақсади татбиқи муштараки тавофуқоти дар ҷаласаи аввали вазирони нақлиёт дар формати «Чин - Осиёи Марказӣ» ҳосилшуда ва ҳавасмандгардонии ҳамкории фаъоли Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар доираи «Як камарбанд, як роҳ» меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.