Маросими ботантанаи супоридани кӯмаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон баргузор шуд

    23 декабри соли 2021 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон маросими ботантанаи супурдани бори башардӯстонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба халқи бародари Афғонистон баргузор шуд.

    Ин кӯмаки башардӯстона, ки аз орд, биринҷ, шакар, озуқаворӣ, маводи ниёзи аввалия, либос, маҳсулоти нассоҷӣ ва ангишт иборат аст, ки вазни умумӣ беш аз 4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, боз як иқдоми неки мардуми Ӯзбекистон ба Афғонистон гардид.

    Дар маросим муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққати Афғонистон Шер Аббос Станакзай суханронӣ намуда, аз номи тамоми мардуми Афғонистон ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои таваҷҷуҳи доимӣ, дастгирӣ ва ҳамбастагӣ дар ин рӯзҳои барои кишвар душвор изҳори сипос кард.

    Махсусан қайд гардид, ки яке аз аввалинҳо шуда ба даъвати кӯмак ба мардуми Афғонистон Сарвари Ӯзбекистон ҷавоб дод, ки сиёсати ӯро мардуми сермиллати кишвар зуҳури воқеии инсондӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягии нек арзёбӣ мекунанд.

    А.Станакзай таъкид кард, ки мардуми афғон ҳамеша муносибати бародаронаи Сарвари Ӯзбекистонро эҳсос мекард ва аз ин рӯ, мақомоти нави кишвар барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ тамоми кори аз дасташон меомадаро хоҳанд кард ва инчунин ҳар гуна таҳдидро аз қаламрави худ ба мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ роҳ нахоҳанд дод.

    Губернатори музофоти Балх Қудратилла Абу Ҳамза саривақтии ин кӯмаки башардӯстона, аҳамияти хоси онро барои мардуми Афғонистон дар фасли зимистон қайд кард. Ин, гуфт у, боз як далели алоқаҳои чуқури таърихӣ ва маънавии ҳар ду халқи бародар аст.

    Намояндагони ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла шахсиятҳои маъруфи ӯзбек дар маросим ба сухан баромада, бори дигар ба Сарвари Ӯзбекистон барои кӯмакҳои бесобиқа изҳори миннатдории самимӣ намуданд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои барои онҳо душвортарин ҳеҷ гоҳ оиди эҳтиёҷва орзую умеди онҳо фаромӯш накардааст, ҳамеша дӯсти ҳақиқии халқи афгон мемонд.

    Ба гуфтаи онҳо, ин кӯмак дар воқеъ ба ҷилавгирӣ аз гуруснагии оммавӣ дар кишвар, шадидтарин бӯҳрони башардӯстона ва ғизоӣ мусоидат хоҳад кард.

    Дар ҷараёни чорабинӣ ошпазони Ӯзбекистон палави хайрияи ӯзбекӣ омода карданд, ки он ба ҳамаи ҳозирон ва шумораи зиёди намояндагони ҷомеаи Афғонистон пешкаш гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates