Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов пешвозгирии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси КМО Рустам Шоабдураҳмонов, муовинони ӯ Сакен Полатов ва Азизҷон Камилов, масъулини Вазорати сайёҳӣ ва варзиш, Вазорати мудофиа, федератсияи дзюдои кишвар, инчунин хешовандон ва дӯстони дзюдочиён ва ҷомеаи васеи варзиш ширкат варзиданд.
Ба ғолибони чемпионати ҷаҳон ва мураббиёни онҳо, шифокорон ҷомаҳои миллӣ ва гулҳо тақдим карда шуданд.
«Дар арафаи ба охир расидани чемпионат ба кишвари мо ботантана парчами Федератсияи байналмилалии дзюдо тақдим карда шуд. Баргузории Чемпионати ҷаҳон-2022 байни калонсолонро ба Ӯзбекистон бовар карда супурданд, ки ин барои мо шарафи бузург аст. Мо тасмим дорем, ки мусобиқаро дар қасри яхбандии "Humo Arena" баргузор намоем. Мо самимона боварӣ дорем, ки ба шарофати дастгирии Президент ва ҳукумат мо чемпионати ҷаҳонро дар соли 2022 дар сатҳи зарурӣ ташкил намуда, аз Венгрия беҳтар баргузор хоҳем кард», - гуфт муовини раиси КМОТ, раиси Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон Азизҷон Камилов.
Хотиррасон мекунем, ки дар чемпионати ҷаҳон беҳтарин дзюдочиён аз 118 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар самти инфиродӣ намояндаи мо Давлат Бобонов (-90 кг) медали нуқра, инчунин 1400 холи рейтингиро ба даст овард, хабар медиҳад КМО.
Дар ниҳоят дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ҳисоби умумикомандавӣ дар байни 118 давлати ҷаҳон мақоми 13-умро гирифт. Бори аввал дар таърихи кишвари мо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар самти дастаҳои омехта медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро ба даст овард. Бо назардошти он, ки дар ҳайати мунтахаби миллӣ дзюдочиёни ҷавон низ буданд, ин натиҷаи хеле хуб аст.