Аввалин куҳнаварди ӯзбекистонӣ, ки Эверестро забт кард

    Воқеаҳо 9 Iyun 2021 1282

    Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев куҳнаварди диловари диёрамон Сергей Денисенкоро, ки қуллаи баландтарини ҷаҳон Эверестро забт намуда, дар он ҷо парчами давлатамонро устувор намуд, бо унвони ифтихории «Ӯзбекистон ифтихори» ва автомобили сабукрави «Trailblazer» мукофотонид.

    Дар чорабинии тантанавие, ки ба ин муносибат баргузор шуд, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувахитов, муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, журналистон иштирок карданд.

    Сергей Денисенко аввалин куҳнаварди ӯзбекистонӣ мебошад, ки қуллаи Эверестро аз самти ҷанубии он, ки роҳи душвортарин мебошад, забт кардааст.

    Вай аз бачагӣ бисёр вақти худро дар оромгоҳҳо гузаронида, сайру саёҳат кардааст. Соли 2007-ум Сергей Денисенко оҷонсии рекламавии худро кушод ва ба сифати куҳнаварди саноатӣ фаъолият бурд.

    С.Денисенко барои забт кардани қуллаи баландтарини ҷаҳон – Эверест (Ҷамолунгма), ки 8848,86 метр баландӣ дорад, муддати мадид тайёрии пухта дид. Бояд гуфт, ки ин комёбии нахустини Сергей нест. Соли 2019-ум вай қуллаи Мераи Непалро низ фатҳ карда буд.

    Аммо Эверест орзуи азалии куҳнавард буд, ки имрӯз ба ҳақиқат табдил ёфт. 11 апрели соли 2021 дар ҳайати гурӯҳи Никита Балабанов экспедитсияи ӯ бо ҷамоаи «Кулуар» ба Эверест оғоз ёфт. Дар шароити номусоиди обу ҳаво корҳои мувофиқсозии иқлим амалӣ гардиданд. Якбора дигаргун шудани обу ҳаво барои фатҳи қулла имкон намедод. Аммо сабру матонат ва хоҳиши забт намудани қуллаи баландтарини дунё бартарӣ карданд.

    Дар маросими мукофотонӣ ба куҳнавард баҳри забти қуллаҳои нав омад ва муваффақиятҳо орзу карданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates