Дар суханронии худ сарвари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон қайд кард, ки имрӯз дар Афғонистон воқеияти комилан нав ба вуҷуд омадааст. Хукумати муваккатӣ ташкил карда шуд, ки он ваколати комил дорад ва кӯшиш мекунад, эътирофи байналмилалӣ пайдо кунад.

Зимнан зикр гардид, ки Афғонистон дар ояндаи наздик омили муҳими амнияти минтақавӣ боқӣ мемонад, ки ба манфиатҳои миллии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама, давлатҳои ҳамсоя бевосита дахл мекунад.

Махсусан таъкид шуд, ки дар марҳилаи кунунӣ барои пешгирӣ аз бунбасти байналмилалии ин кишвар нисбати Афғонистон стратегияи баъдинизоӣ таҳия кардан зарур аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Иштирокчиёни форум аҳамияти калидии муттаҳид кардани саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар масъалаи барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон, расонидани кӯмакҳои фаврии башардӯстона ва дигар ба мардуми дӯсти Афғонистон қайд карданд.