Бо мақсади ба даст овардани тавофуқоти мушаххасе, ки ба роҳандозии равобити бародарии шаҳрҳо нигаронида шудаанд, мулоқоти муовини раиси вилоят Рустам Қобилов ва роҳбарияти идораи сайёҳии вилоят бо намояндагони ҳайати Испания баргузор гардид.

Барои маълумот: масъалаи барқарор намудани равобити бародаршаҳрии Самарқанд ва Валенсия дар маросими ба вазифа шурӯъ намудани Консули фахрии консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Валенсия ва дар чорабиниҳои намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «FITUR-2023», ки имсол дар Мадрид барпо гардид,  баррасӣ шуд.