Вохӯрии Раиси Сенати Олий Маҷлис бо Президенти Қазоқистон баргузор гардид

    18 август вохӯрии Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев баргузор шуд.

    Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар заминаи рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

    Президенти Қазоқистон, дар оғози суҳбат, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистонро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки сафари ӯ ба Остона далели равшани хусусияти хоссаи муносибатҳои стратегӣ миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошад.

    Қосим-Жомарт Тоқаев саҳми шахсии Танзила Норбоеваро дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек миёни ду халқ баланд арзёбӣ намуд:

    «Сафари шумо аз лиҳози таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои мо аҳамияти хеле муҳим дорад. Мо ба рушду густариши ҳамкорӣ бо Ӯзбекистони бародар аҳамияти хоса медиҳем. Инро омили бисёр муҳими таъмини субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешуморем. Чӣ қадар муносибатҳои кишварҳои мо беҳтар, наздиктар ва самараноктар бошанд, ҳамон қадар вазъ дар минтақа осоиштар мешавад. Дар мавриди сафари шумо, ман онро воқеан аз нигоҳи таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ муҳим меҳисобам, ки унсури хеле муҳими муносибатҳои мо мебошад».

    Танзила Норбоева барои пазироии гарму самимӣ ба Қосим-Жомарт Тоқаев изҳори сипос намуда, саломи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ӯ расонд:

    – Сарвари кишвари мо ба Шумо паёми гарму самимӣ ва таманниёти муваффақиятҳои бузург дар корро ирсол карданд. Мо, парлумониён, ҳамеша саҳми худро барои таъмини иҷрои самараноки созишномаҳои ҳосилшуда мегузорем. Чунонки Шумо гуфтед, барои Ӯзбекистон Қазоқистон наздиктарин ва боэътимодтарин шарик аст, – таъкид намуд Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон.

    Ҳамчунин масъалаҳои минбаъдаи рушди дипломатияи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои савдо-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.

    Дар навбати худ, Қосим-Жомарт Тоқаев таманниёти гарму самимии худро ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонд.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates