Мулоқоти Президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, ки барои иштирок дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ, пеш аз ҳама, чораҳо оид ба афзоиши гардиши мол, тезонидани иҷрои лоиҳаҳои муҳими ҳамкории саноатӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва инфрасохторӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Аҳамияти идомаи робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва мубодилаи фарҳангӣ-инсонпарварона таъкид гардид.

    Президентҳо инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates