Тарафи Ӯзбекистон барои пазироии самимонаи ҳайати вакилони мамлакати мо дар Ханой миннатдорӣ баён кард. Зимнан зикр гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Ветнам ҷиҳати татбиқи иқтидори бузурги муносибатҳои дуҷониба ҳамкории зич ба роҳ хоҳанд монд.
Рӯзномаи ҷаласа васеъ буд ва мавзӯъҳои зиёдеро дар бар гирифт. Ҷонибҳо мавҷуд будани имкониятҳои бузургро дар дипломатияи иқтисодӣ қайд намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.