Мулоқот бо намояндагони Бюрои назорати маводи нашъаовар ва истифодаи ҳуқуқи Департаменти давлатии ИМА баргузор гардид

    Дар дафтари Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» бо намояндагони Бюрои назорати маводи нашъаовар ва истифодаи ҳуқуқ (INL) дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияи Департаменти давлатии ИМА мулоқот баргузор гардид. Ҳадаф баррасии самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

    Раиси Ҷунбиши "Юксалиш" Бобур Бекмуродов меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолият, ҳадаф ва вазифаҳои созмон шинос намуд. Зимнан зикр гардид, ки Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ талош мекунад. Аз ҷумла, кори Лабораторияи мубориза бо коррупсия идома дорад, дар доираи Мактаби медиа, такмили иқтидори фаъолони шаҳрвандӣ ва кормандони созмонҳои ғайритиҷоратию ғайридавлатӣ, маҳфили байналмилалии мубоҳисавии «Тошканд» омӯзиши журналистону блогерҳо ба роҳ монда шудааст.

    Корманди калони барномаи INL барои минтақаиОсиёи Марказӣ ва Русияи Департаменти давлатии ИМА Ҷеймс Каллахан нақши Ҷунбиши "Юксалиш"-ро дар пешбурди ислоҳот дар Ӯзбекистон, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо коррупсия тавассути таҳқиқот дар ин самт қайд кард. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки созмонҳои ғайридавлатии Ӯзбекистон ба Шабакаи мубориза бо фасоди Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD/ACN) ҳамроҳ мешаванд.

    Роҳбарияти Ҷунбиши умумимиллии «Юксалиш» як қатор самтҳои ҳамкориро эълон кард. Тавсеаи фаъолияти Лабораторияи мубориза бо коррупсия, аз ҷумла таъсиси платформа барои омодасозии ҷавонон ва шаҳрвандони фаъол, ташаккули индекси дарки коррупсия дар минтақаҳои Ӯзбекистон ва гузарондани тадқиқот дар бораи саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷумлаи онҳост.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои санҷиши тавсияҳо ва натиҷаҳои тадқиқот, воситаҳои пешбурди ислоҳоти демократӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон, баргузории Форуми созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии Осиёи Марказӣ, баррасии коршиносони кишварҳои минтақаро мавриди муҳокима қарор дода, аз рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ изҳори умедворӣ карданд, хабар медихад хидмати матбуоти Ҷунбиши умумимиллии "Юксалиш".

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates