Машваратҳои байни ВКХ доир ба ҳамроҳии иттилоотии фаъолияти СҲШ баргузор гардиданд

    7 апрели соли 2022 таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон даври навбатии машваратҳо «Дар бораи ҳамкории хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар раванди таъмини иттилоотии фаъолият СҲШ» тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

    Дар ҷамъомад намояндагони кишварҳои узви СҲШ масъалаҳои дастгирии расонаҳои хабарии чорабиниҳои таҳти раёсати Ӯзбекистон баргузоршударо баррасӣ намуданд. Диққати иштирокчиёни машварат ба вебсайти www.sco-summit2022.uz ҷалб карда шуд, ки ба раёсати ҷумҳурии мо дар СҲШ бахшида шудааст.

    Муҳимияти инъикоси васеи вохӯриҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар ВАО таъкид гардид. Тартиби аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори омма, ки дар чорабиниҳои СҲШ иштирок мекунанд, баррасӣ шуд.

    Оид ба имкониятҳои амиқтар кардани ҳамкориҳо дар соҳаи иттилоот, аз ҷумла тавассути ташкили пресс-турҳои мутақобила, таҷрибаомӯзӣ, мизи мудаввари муштарак ва конфронсҳо табодули афкор сурат гирифт.

    Ҳайатҳо аз талошҳои фаъоли ҷониби Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби раёсати Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол карданд. Кишварҳои узв омодагии худро барои татбиқи афзалиятҳо ва ташаббусҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, баланд бардоштани нақш ва нуфузи байналмилалии СҲШ изҳор доштанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates