Ҷамъомади якуми гурӯҳҳои дӯстии Сенатҳои Ӯзбекистон ва Миср барпо гардид

    21 августи соли 2024 нахустин мулоқоти видеоии гурӯҳҳои байнипарлумонии дӯстӣ ба мақсади таҳкими ҳамкорӣ бо Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сенати Ҷумҳурии Мисри Араб ба амал омад.

    Дар рӯзномаи вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Миср дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ ва тавсеаи доираи ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

    Махсусан қайд гардид, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Миср, ки бар асоси шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, ба шарофати сафарҳо ва муколамаи мунтазами сарони ду кишвар ба сатҳи нави рушд аз ҷиҳати мазмун ва сифат баромад.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки шабоҳати арзишҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва урфу одатҳо омили асосии муносибатҳои мутақобила, равобити фарҳангӣ ва башардӯстонаи ду кишвар мебошад. Зарурати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои илм, маориф, омӯзиши илмии дастнависҳои нодир, тиб, сайёҳӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо баррасӣ шуд.

    Ҷониби Миср дар баргузории як рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи парлумоние, ки имсол дар кишвари мо баргузор мешавад, муваффақият таманно карда, омодагии худро ба сифати нозирони байналмилалӣ дар ин интихобот изҳор дошт.

    Зимни мулоқот дар бораи ба роҳ мондани назорати мунтазами парлумонӣ ба хотири таъмини иҷрои созишномаҳои сатҳи олӣ миёни раҳбарони ду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.

    Дар фарҷоми суҳбат оид ба ташкили ҷаласаи навбатии гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар Тошканд ё Қоҳира, аз ҷумла мувофиқа кардани сана ва рӯзномаи баргузории чорабинӣ тавассути каналҳои дипломатӣ созиш ҳосил шуд.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates