Оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналхалқии асъор мубодилаи афкор барпо гардид

    5 июни соли ҷорӣ вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Кудбиев бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Ӯзбекистон Ёсир Абдих мулоқот намуд.

    Дар оғози мулоқот вазири иқтисод ва молия Шерзод Қудбиев Ёсир Абдихро бо таъйин шуданаш ба вазифаи баланд табрик гуфт. Ӯ барои эътимод ва иродаи нек барои идомаи ҳамкорӣ дар оянда изҳори сипос кард.

    Дар ҷаласа муовинони вазирони иқтисод ва молия Илҳом Норқулов, Дилшод Султонов ва роҳбарони сохторҳои дахлдор, инчунин Намояндаи доимии ХБА дар Ӯзбекистон Кевин Росс, иқтисоддонҳои дафтари маҳаллӣ Сарвар Аҳмедов ва Галина Костина иштирок доштанд.

    Дар рафти суҳбат лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Ӯзбекистон якҷоя бо ХБА, аз ҷумла сиёсати макроиқтисодӣ, фиксалӣ ва буҷа татбиқ мегарданд, баррасӣ шуданд.

    “Ман шод ҳастам, ки ба Ӯзбекистон омадам. Мо иқтисоди ҷаҳонро таҳлил мекунем. Дар арсаи байналхалқӣ бӯҳронҳои молиявӣ ба амал меоянд. Ва дар иқтисоди Ӯзбекистон субот ва рушди иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон, ХБА омода аст, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ӯзбекистон кӯмаки ҳамаҷониба расонад», - гуфт Ёсир Абдих.

    Илова бар ин, бо шарики хориҷӣ оид ба вазъи макроиқтисодии кишвари мо, омилҳои асосии хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ, интизориҳои буҷетӣ ва сиёсати фискалӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштаракро оид ба сиёсати буҷетӣ ва андоз дар Ӯзбекистон, инчунин таъмини суботи макроиқтисодӣ ва коҳиш додани нақши давлат дар иқтисодиёт идома диҳанд.