Аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати вафоти Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисть Нгуен Фу Чонг бори дигар ҳамдардии самимӣ баён гардид.
Ҷонибҳо қайд намуданд, ки Ӯзбекистон ва Ветнам метавонанд барои ғанӣ гардонидани робитаҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои динамикӣ ва бунёди пулҳои нави пайвасткунанда дар тамоми соҳаҳо аз имкониятҳои зиёд истифода баранд.
Ҳамчунин, табодули дарпешистодаи сатҳи олӣ, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва мусоидат ба сармоящо баррасӣ шуд. Вазирон ба ҳамкории зичи байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Ветнам баҳои баланд доданд, хабар медиҳад ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.