Шӯрои амнияти СММ амали террористӣ дар Анқараро шадидан маҳкум кард

    Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи террористиро, ки дар корхонаи истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ ва саноатии кайҳонии Туркия (TUSAŞ) содир карда шудааст, шадидан маҳкум кард.

    Бинобар иттилои Report TRT Haber хабар додааст.

    Дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст, ки масъулони ин ҳамла ва ҳамчунин онҳое, ки ин амалиёти террористиро маблағгузорӣ ва пуштибонӣ мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

    Қобили зикр аст, ки бар асари ҳамлаи террористӣ дар қаламрави ширкати TUSAŞ дар Анқара рӯзи 23 октябр 5 нафар кушта ва 22 нафар захмӣ шуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates