Ҷамъомади вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ дар соли 2022 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад

    18 августи соли равон дар Душанбе Ҷамъомади ҳаждаҳуми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.

    Дар он роҳбарони вазоратҳои фарҳангҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов иштирок карданд.

    Ҷамъомад таҳти раёсати вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

    Вазъият ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, оид ба иҷрои Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи фарҳанг ва созишномаҳои ҷамъомади гузаштаи вазирони фарҳанг мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ҷонибдори рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангии бисёрҷониба ва дуҷониба дар чаҳорчӯбаи Созмон будаанд, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни мардум, ҳифзи гуногунрангии фарҳангҳо, эҳтироми якдигар ва паҳн кардани дониш дар бораи анъана ва урфу одатҳои халқҳое, ки дар фазои СҲШ зиндагӣ мекунанд, муосидат менамояд.

    Кори созандаи Гурӯҳи кории коршиносон оид ба масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ дар доираи СҲШ қайд карда шуд.

    Таъкид шуд, ки Мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ имконияти хубе барои табодули афкор оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи фарҳангӣ фароҳам овард.

    Онҳо омодагии худро барои роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг бо давлатҳои нозири нади СҲШ ва шарикон оид ба муколама изҳор намуданд.

    Тавофуқ ҳосил шуд, ки Ҷаласаи навбатии вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates