Сайёҳӣ соҳаест, ки бо сармояи нисбатан кам ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам оварда, даромади аҳолӣ ва симои минтақаҳоро беҳтар месозад. Дар шаҳри Тошканд дар ин самт имкониятҳо зиёданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Олмазор бо мақсади пурра ба кор даровардани ин иқтидор лоиҳае татбиқ мешавад, ки 447 гектар ҳудудро фаро мегирад. Тибқи он, дар 6 кӯчаи дорои аҳамияти ноҳиявӣ, ки 15 маҳалларо бо ҳам мепайванданд, иншооти сайёҳӣ ва хидматрасонӣ сохта мешаванд.
Корҳои созандагие, ки дар кӯчаи Зарқайнар иҷро шуданд, қисме аз ин лоиҳа мебошад. Ин минтақа бо симои таърихӣ, анъанаҳои меъмории миллӣ ва рӯҳи ҳунармандӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст, фарқ мекунад.
Аз ҳисоби 150 миллиард сӯм маблағ, ки аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо гардидааст, дар ин ҷо 576 хонадон бо услуби миллӣ таъмиру бозсозӣ гардида, маҳалла симои нави мутобиқ ба муҳити таърихиро пайдо кард.
Дар натиҷаи ҷалби 166 миллиард сӯм сармоя аз ҷониби сад нафар соҳибкор, 7 меҳмонхона, 8 тарабхона, 5 маркази ҳунармандӣ, 1 маркази савдо ва 125 иншооти хидматрасонӣ ташкил гардида, 1500 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Роҳбари давлат ҳангоми боздиди кӯчаи нав, хонадонҳои бо услуби меъмории миллӣ таъмиршуда, кӯчаҳои обод ва шароитеро, ки барои аҳолӣ муҳайё карда шудааст, аз назар гузаронд. Бо сокинони маҳаллӣ, сайёҳон ва ҳунармандон суҳбати самимӣ анҷом дод.
– Мо мехоҳем барои сайёҳон шароит фароҳам орем, вале асоси онро низ бояд дуруст ба роҳ монем. Масалан, ҳунармандӣ яке аз самтҳои асосиест, ки миллияти моро ифода мекунад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои маҳсулот истеҳсол намудани ҳунармандон вазифаи мо мебошад. Бояд кадрҳои соҳибихтисосро омода намоем. Бинобар ин, таъсиси донишгоҳи ҳунармандон мувофиқи мақсад аст. Мо бо соҳибкорон мулоқот мекунем, минбаъд бо ҳунармандон низ вохӯриҳои алоҳида ташкил хоҳем кард, – гуфт Президент.
Ба масъулон ҷиҳати такмили минбаъдаи корҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва хидматрасонӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, ҳифзи симои таърихии маҳаллаҳо, муҳимтар аз ҳама, ташаккули низоми устувор, ки ба манфиати мардум хизмат кунад, супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҳамин ҷо ба роҳбари давлат нақшаи асосӣ, ки оид ба рушди минтақаи инноватсионии «Олмазор» таҳия шудааст, муаррифӣ гардид.
Дар тақдимот консепсияи рушди фазоӣ-ҳудудии минтақа, натиҷаҳои арзёбии эҳтиёҷот ва роҳҳалҳои минтақабандии функсионалӣ муаррифӣ шуданд.
Тибқи нақшаи асосӣ, «долонҳои рушд» ташаккул дода мешаванд, ки соҳаҳои таълиму инноватсия, сайёҳӣ ва савдо, мероси фарҳангӣ, тиҷорат ва хидматрасониҳои IT-ро дар бар мегиранд.
Дар атрофи шаҳри кӯҳна шаҳраки донишҷӯён, донишгоҳ ва технопаркҳо, муассисаҳои тандурустӣ, инчунин самтҳои сайёҳии Маркази тамаддуни исломӣ, маҷмааи Ҳазрати Имом, Чорсу ва маркази таърихии шаҳр бо ҳам пайваст карда мешаванд. Ҳамзамон, дар минтақаи соҳибкории марказии шимолӣ пешбурди фаъолияти идораҳо, IT-парк ва марказҳои тиҷоратӣ дар назар аст.
Бояд гуфт, ки мақсад аз татбиқи нақшаи асосӣ, баробари ҳифзи мероси таърихӣ, рушди инфрасохтори муосир, ба зинаи сифатан нав бардоштани иқтидори иқтисодии минтақа ва муҳити шаҳрӣ мебошад.
– Барои ҳар як кӯча бояд нақшаи асосиро барои на кам аз панҷ сол таҳия намоем. Дирӯз дар шаҳри Давоси Швейтсария шоҳиди он шудам, ки муҳити шаҳрӣ бо ҳифзи биноҳои мавҷуда ва бо назардошти шароити маҳаллӣ рушд меёбад. Мо низ бояд шаҳри кӯҳнаро ҳифз намоем ва ҳамзамон обод кунем. Бо ин мақсад таҳияи барномаи алоҳидаи «Шаҳри кӯҳна» зарур аст, – гуфт роҳбари давлат.