Дар он намояндагони Сафоратхонаи кишвари мо дар Олмон , инчунин узви ҳайати Донишгоҳи миллии тадқиқотии "Донишкадаи муҳандисони ирригатсияи ва механиконии кишоварзии Тошканд" таҳти сарварии проректор Тоҳирҷон Султанов ва коршиносон ширкат варзиданд.
Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ аз Олмон, Афғонистон, Финландия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла ҳамватани мо, профессори Донишгоҳи Ҳумболдт Аҳмад Ҳамидов бо маърӯзаҳо баромад карданд, хабар медиҳад агентии “Дунё”.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи лоиҳаи мавриди омӯзиш қарордошта дар мисоли Ӯзбекистон чандин сафарҳои коршиносони байналмилалӣ ба Ӯзбекистон ташкил шуда, дар онҷо якҷоя бо мутахассисони ӯзбекистонӣ тадқиқоти илмӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои об корҳо оид ба арзёбӣ ва пешгӯии таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, инчунин таъсис ва таҳияи усулҳои харитаи электронии минтақаҳои гидромодулярии заминҳои обёришаванда дар асоси технологияҳои пешқадам анҷом дода шуданд.
Аъзои ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии профессор Тоҳирҷон Султонов дар ҳамкорӣ бо олимони олмонӣ нақшаҳои минбаъдаи лоиҳаи нави дусолаи «Технологияҳои обёрии устувори сарфакунандаи об барои ноил шудан ба амнияти об, энергетика ва озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар Ӯзбекистон"-ро муайян карданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати федералии маориф ва тадқиқоти илмии Олмон ва Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон барои маблағгузории муштарак мувофиқа шудааст.