Ҳавопаймои зикршуда дар баробари кумакҳои башардӯстона, инчунин гурӯҳи иловагии ҷустуҷӯиву наҷотӣ ва кормандони тиббиро, ки шумораи умумии онҳо 71 нафарро ташкил медиҳад, расониданд.
Барои расонидани кумак ба осебдидагон дар майдони баробар ба як гектар маҷмааи беморхонаи сайёри дорои 9 воҳиди алоҳида ҷойгир карда мешавад, ки дар он 50 корманди отряди тиббии Вазорати дифоъ хидмат хоҳанд кард.
Ин беморхонаи саҳроӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворӣ аз Ӯзбекистон муҷаҳҳаз хоҳад шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.