Варзишгарони ғолиб ба Албания роҳхат гирифтанд

    Мусобиқаи "Ҷоми Ӯзбекистон" оид ба муҳорибаҳои омехта байни ҷавонон ва калонсол, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи санъати ҳарбии омехта ташкил карда шуд, баргузор гардид. Дар мусобиқа 11 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони дастаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

    Дар задухӯрдҳои шадид кормандони хадамоти “Амният”-и шаҳри Тошканд, вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё сарбозони қаторӣ Зафар Атахоҷаев, Меликул Эшназаров, Абдуманнон Иброҳимов ҷойи 3-юм ва хизматчии ҳарбии Раёсати Гвардияи миллии шаҳри Тошканд, лейтенанти калон Умида Абдуллоева ва хизматчии ҳарбии Раёсати Гвардияи миллии вилояти Бухоро, сарбози қаторӣ Хушнуд Абдураҳмонов ҷои 1-умро гирифтанд.

    Ҳамин тариқ, варзишгарони ғолиби мо ба мусобиқаи чемпионати ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли 2023 дар Албания баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

    Мо хизматчиёни ҳарбии худро бо пирӯзӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳо комёбиҳои минбаъда ва дастоварду натиҷаҳои баландро таманно дорем!

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates