баннер
15 Apr 2025
09:44

    Дар Тошканд мусобиқаи II байналмилалии камонварии «Алпомиш ва Барчиной» оғоз шуд

    Варзиш 23 Avgust 2022 1973

    Дар Маркази ҷумҳуриявии омодагӣ оид ба намудҳои олимпӣ ва паралимпии варзиши пойтахт мусобиқаи байналмилалии камонварии «Алпомиш ва Барчиной» оғоз шуд. Имрӯз маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқа, ки бори дуюм паиҳам баргузор мешавад, баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ муовини вазири рушди варзиш Шаҳрилло Маҳмудов, дабири кулли КМО Ойбек Қосимов, намояндагони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи камонварони кишвар ширкат варзиданд.

    Бино ба иттилои маркази матбуотии КМО, масъулини суханронӣ дар ҷашнвораи варзишӣ таъкид карданд, ки дастовардҳои баланд дар ин навъи варзиш ва тавсеъаи ҷуғрофиёи маъруфияти ин ришта ҳама аз таваҷҷуҳи амиқи давлат ба инкишоф додан ва оммавӣ гардондани камонварӣ дар байни аҳолӣ.

    Имсол ба ғайр аз ҳамватанони мо, қариб сад нафар варзишгарон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қирғизистон барои ғалаба мубориза мебаранд.

    Аз имрӯз марҳилаи интихобии мусобиқа оғоз гардид. Рӯзи 26 август ғолибону ҷоизадорон дар ҳама самтҳо муайян карда мешаванд.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech