Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, то ин лаҳза дар байни осебдидагони намоишҳо, ки дар Эрон идома ранд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Зикр шудааст, ки Сафорати Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти маҳаллии ваколатдор дар тамоси доимӣ буда, вазъи амниятии кишварро бодиққат пайгирӣ мекунад.
Ба ҳамин муносибат, ВКХ аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар қаламрави Эрон қарор доранд, хоҳиш намудааст, ки дар митинг ва намоишҳо иштирок накунанд, аз ҷойҳои серодам дур бошанд ва қоидаҳои амнияти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҳолати зарурӣ метавон ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Теҳрон тавассути рақамҳои зерин муроҷиат кард:
+98 21 2229 9780
+98 21 2283 2025