Тавре Report хабар медиҳад, озмоишҳо дар полигони иёлоти Ню-Мексико баргузор шуданд. Нахустин бор ду мушак пайиҳам партоб карда шуданд, то ҳадафро ба таври кафолатнок нобуд кунанд. Лоиҳакашони Lockheed Martin таъкид намуданд, ки PrSM ҳангоми санҷиш дақиқӣ ва омодагии ҷангии худро нишон додааст.
"Ин мушакҳо барои Артиш, ки барои муқобила бо дастовардҳои низомии Русия ва Чин воситаҳои зарбаҳои амиқро ниёз дорад, аҳамияти бузург доранд. Фармондеҳии ИМА дар Аврупо ва минтақаи Ҳинд-Уқёнус мехоҳад силоҳе дошта бошад, ки қодир аст ҳадафҳои статикӣ дар масофаи беш аз 400 км-ро нобуд созад," - омадааст дар хабар.
Айни ҳол, масофаи парвози PrSM 499 км-ро ташкил медиҳад, вале нақша доранд, онро зиёда аз ду баробар афзоиш диҳанд. Низомиёни амрикоӣ якчанд озмоиши дигари онро низ ба нақша гирифтаанд. То охири соли 2025 қарор аст истеҳсоли оммавии ин мушакҳо оғоз шавад.