Тартиби додани рухсатии академӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ маълум шуд

    Низомномаи дахлдор аз ҷониби ҳукумат тасдиқ карда шуд.

    Тавре дар хабари хидмати матбуоти Вазорати адлия қайд карда мешавад, ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бинобар сабаби хидмати ҳарбӣ, барқарор кардани саломатӣ, ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдакон ё хеши бемор рухсатии академӣ дода шуданаш мумкин аст.

    Аризаи донишҷӯ дар бораи рухсатии академӣ дар давоми як ҳафта баррасӣ карда мешавад ва бо фармони ректор расмӣ гардонда мешавад. Ғайр аз он, донишҷӯёни хоҳишмандро ҳангоми таътили академӣ ба таҳсили рӯзона ё ғоибона интиқол додан мумкин аст.

    Додани рухсатии академӣ ба донишҷӯ аз таҳсил дур кардани ӯ ҳисобида намешавад. Инчунин, ба зимма донишҷӯёне, ки дар вақти муқарраршуда ба таҳсил бармегарданд, вазифаи дубора аз худ кардани фанҳои гузашта вогузор карда намешаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates