Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳодиса 17-уми июн, тахминан соати 13:00 ҳангоми ҳаракат аз кӯпруки канали Мирзочӯл, ки маҳаллаи "М. Улугбек»-и шаҳри Ширинро бо мааллаи «Нуробод» мепайвандад, рух додаааст. Ронандаи мошини Нексиа-2 идораро аз даст дода, ба канал фуру меравад.
Дар натиҷа ронандаи мошин ва чаҳор мусофир берун баромада натавониста, ғарқ шудаанд.
Наҷотдиҳандагони гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Сирдарё автомобил, ҷасади ронанда ва се мусофирро аз об берун оварданд. Дар ҳоли ҳозир ғаввосони гурӯҳи наҷот талош доранд, ҷасади як мусофири дигарро дар канал пайдо кунанд.
Нисбати ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 266, қисми 3, банди “а” (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки боиси марги одамон гардидааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.