Мувофиқи маълумотҳо ҳоло зиёда аз 370 нафар ҷавонони мо дар мактабҳои олии Украина таҳсил мекунанд, ки аз онҳо аллакай кариб 200 нафарашон ба Ватан баргаштаанд.
"Мо тамоми чораҳоро меандешем, то боқимондаҳоро дар давоми ҳафтаи оянда баргардонем" – гуфт Президент.
Дар баробари ин, сарвари давлат супориш дод, ки таҳти сарварии Вазорати таълими олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳокимони вилоятҳо Комиссия таъсис дода шавад.
Комиссия дар давоми як ҳафта барои донишҷӯёне, ки аз Украина баргаштаанд, барои давом додани таҳсил дар донишкадаҳои мо тамоми шароитро фароҳам меоварад. Кӯчондани таҳсили донишҷӯёне, ки мехоҳанд таҳсилро дар Ӯзбекистон идома диҳанд, ба таври содда сурат мегирад.
Дар робита ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, таъкид шуд, ки шахсони масъул ба хоҳишмандони кор кумак расонанд ва онҳоро бо кор таъмин кунанд.
Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки аз 510 ҳазор донишҷӯи рӯзонаи донишгоҳ ҳудуди 100 ҳазор нафарашон мехоҳанд кор кунанд ва даромади иловагӣ ба даст оранд. Дар байни онҳо ҳамчунин 7,5 ҳазор донишҷӯи ятиму маъюб ва 4,5 ҳазор нафар донишҷӯён ба "дафтарҳои" гуногун шомил шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон 105 ҳазор ҷойи холӣ мавҷуд аст, ки онҳоро донишҷӯён метавонанд ишғол кунанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф ва хизматрасонӣ – 22 ҳазор, дар саноат – 17 ҳазор, дар соҳаи тандурустӣ – 9 ҳазор, дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмон – 6 ҳазор, дар соҳаи молия – 3 ҳазор, дар соҳаи алоқа ва технологияи иттилоотӣ – 2,5 ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуданд.
Дар ҷаласа муқаррар карда шуд, ки барои ташкили муназзами ин кор комиссияи ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии сарвазир таъсис дода шавад. Ин гуна комиссияҳо дар минтақаҳо низ таҳти роҳбарии ҳокимон созмон дода мешаванд.