Вазифаҳои афзалиятноки рушди ҳамаҷонибаи Сурхондарё ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ муайян карда шуданд

    Ҳукумат 2 Iyun 2021 4282

    Дар Тирмиз бо иштироки депутатҳои Шӯрои вилояти Сурхондарё, соҳибкорон ва фермерон, намояндагони насли калонсол ва ҷавонон, фаъолони ҷамъият вохӯрӣ баргузор гардид.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев афзалиятҳои рушди ҳаматарафаи минтақа, беҳтар намудани зиндагии аҳолиро аз рӯи низоми "маҳаллабай" муайян кард.

    -- Мо барои он омадем, ки бо шумо мулоқот кунем ва мушкилотро ҳал намоем. Мо ба ин сафар хеле тайёрӣ дидем. Масъалаҳои ба Тошканд вобаста намонд. Акнун зарур аст, ки аз маблағҳои пешбинишуда ва низоми мазкур оқилона истифода баред, дар маҳалҳо ба таври мақсаднок кор кунед. Чӣ қадаре ки ман кӯшиш накунам, агар худи шумо бо садоқати том амал накунед, некӯаҳволии мардум баланд намешавад. Агар захираҳои дохилии Сурхондарё ба кор бурда шаванд, барои ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи мардум ҳамаи шароит мавҷуданд. Барои ин, роҳбарони секторҳо бояд фидокорӣ нишон дода, ба "поён" фароянд ва аз рӯи низоми "маҳаллабай" кор кунанд, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Рушди соҳибкорӣ ва таъмини шуғл ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян карда шудаанд.

    Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди ноҳияҳои Бандихон, Қизириқ, Музработ ва Шеробод сарвари давлат пешниҳод кард, ки соҳибкорони навтаъсис дар ин ноҳияҳо аз андози замин, амвол, гардиши тиҷорати хурд, андози даромади доимии соҳибкорони инфиродӣ то 1 январи соли 2024 озод карда шаванд.

    Қайд карда шуд, ки дар вилояти Сурхондарё дар солҳои 2021-2022 1177 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 16 триллиону 900 миллиард сӯм амалӣ карда мешавад. Дар натиҷа ташкили 25 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба назар гирифта шудааст.

    --Бояд чунин соҳаҳои драйверӣ, ба монанди саноати масолеҳи сохтмонӣ, сабук, чарм, хӯрокворӣ, электротехника, саноати маҳаллиро суръат бахшид ва шумораи лоиҳаҳои навро дар минтақа зиёд кард, -- гуфт Президент.

    Таклифҳо оид ба ҷуброни як қисми хароҷоти нақлиётӣ ва фоизи қарзҳо ҳангоми содироти масолеҳи бинокорӣ, додани имтиёзҳо ба корхонаҳои саноатии маҳаллӣ, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ барои хонаҳо истеҳсол мекунанд, ҳангоми воридоти ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр пешниҳод карда шуданд.

    Зарурати ташкили кластерҳо бо барои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ махсусонидани ноҳияҳои Бойсун, Сариосиё, Шеробод, ноҳияи Қизириқ барои саноати сабук, ноҳияи Олтинсой барои саноати хӯрокворӣ, ноҳияҳои Бандихон ва Музработ барои саноати маҳаллӣ зикр гардид. Аз ҷумла, дар ноҳияи Сариосиё минтақаи инноватсионии саноатӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд карда мешавад.

    Дар соҳаи кишоварзӣ татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 3 триллиону 121 миллиард сӯм ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои бунёди гармхонаҳои масоҳаташ 1 ҳазор гектар 950 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Дар ноҳияҳои Олтинсой, Узун, Бандихон, Денов, Ҷарқӯрғон, Музработ, Тирмиз ва Сариосиё майдонҳои ниҳоли зайтун ва дар Шеробод, Музработ ва Қизириқ боғҳои анор ташкил карда мешаванд.

    Вазифа гузошта шуд, ки дар асоси мисоли Сурхондарё системаи томи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ созмон дода шавад, ки он соҳибон, корхонаҳои харид, коркардкунандагон ва содиркунандагонро ба ҳам мепайвандад.

    Супориш дода шуд, ки имсол ба воситаи корҳои ҷамъиятӣ, ташкили кооперативҳо ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 50 ҳазор нафар бо кор таъмин карда шаванд. Муайян карда шудааст, ки барои ин мақсадҳо аз Фонди мусоидат ба шуғл ва Фонди корҳои ҷамъиятӣ 32 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Сарвари давлат инчунин ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дахл кард.

    Имсол дар доираи барномаҳои "Деҳаи обод" ва "Маҳаллаи обод" 483 деҳа ва маҳаллаҳо дар вилоят обод карда мешаванд. Барои ин мақсадҳо 1,6 триллион сӯм ҷудо шудааст.

    Зикр гардид, ки 1230 километр роҳҳо таъмир ва 1000 километр хатҳои барқ ​​кашида мешаванд.

    Президент таъкид дошт, ки тайи 2-3 соли оянда мушкили таъмини аҳолии 1,5 миллион сокини минтақа бо оби ошомиданӣ ба пуррагӣ ҳал карда шавад, ки барои он бояд лоиҳаи аз обанбори "Тупаланг" кашидани 400 километр шабакаҳои магистралиро таҳия кард.

    Ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, коммуникатсионӣ ва роҳи минтақа дар соли 2021 ба таври илова 200 миллиард сӯм ҷудо кунад.

    Дар ҷамъомад бо шаҳрвандон дар студияҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ муколамаи кушод баргузор гардид.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates