Президент Шавкат Мирзиёев доир ба масъалаи самарабахшии иқтисодии неругоҳи оянда истода гузашт.
Арзиши умумии лоиҳа 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Неругоҳи иқтидораш 1560 мегаватт дар як сол 12 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард. Технологияи навтарин, ки бо онҳо неругоҳҳои барқии ҳароратӣ таъмин карда мешаванд, имкони соле сарфа намудани 1 миллиард метри мукааб гази табииро фароҳам меорад.
Ин аввалин неругоҳи барқии ҳароратӣ дар Сурхондарё ва калонтарин неругоҳи барқии ҳароратӣ хоҳад буд, ки дар солҳои охир дар кишвар сохта шудааст. Ин барои ба амал баровардани иқтидори бузурги иқтисодии вилоят имкониятҳои калон фароҳам меоварад.
Масалан, дар вилояти Сурхондарё зиёда аз 100 кони нафт, газ, ангишт, металлҳои қиматбаҳо ва ранга, бисёр навъҳои сангҳои ороишӣ мавҷуданд, ки ҳанӯз азхуд карда нашудаанд. Аз ин рӯ, дар панҷ соли оянда дар минтақа татбиқи беш аз 5 ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Қувваи барқе, ки неругоҳ истеҳсол мекунад, инчунин имкони бо қувваи барқ таъмин намудани 500 ҳазор хонаводаро дар вилояти Сурхондарё фароҳам меорад. Ғайр аз ин, ба Афғонистони ҳамсоя соле камаш 3 миллиард киловатт-соат қувваи электр содир кардан мумкин аст.
Лоиҳа дар чаҳорчӯби шарикии давлатию хусусӣ аз ҷониби ширкати олмонии Siemens Energy, IDEF-и фаронсавӣ ва нидерландии Stone City Energy амалӣ мешавад. Сарвари давлатамон ба ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки дар соҳа барои иштироки сармояи хусусӣ имкониятҳои васеъ кушода мешаванд.
— Дар солҳои охир мо дар соҳаи энергетика ислоҳоти ҷиддӣ ба амал овардем ва саноатро ба куллӣ дигаргун сохта истодаем. Аз чумла, барои иштироки сектори хусусӣ дар истеҳсоли қувваи барқ бори аввал дар таърих имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Дар се соли охир дар асоси шарикии давлатию хусусӣ 5 нерӯгоҳ бо иқтидори умумии беш аз 1000 мегаватт ба истифода дода шуд. Ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷӣ аз 1 миллиард доллар гузашт, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ҳоло дар кишвар 19 неругоҳи барқии иқтидораш 9 ҳазор мегаватт сохта мешавад. Арзиши умумии онҳо беш аз 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат ба роҳбарони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳо, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, изҳори сипос намуда, тасдиқ кард, ки Ӯзбекистон лоиҳаҳоро бо сармояи хориҷӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Президенти ширкати Siemens Energy Кристиан Брух, директори иҷроияи IDE Беатрис Буффон ба рафти навсозии низоми энергетикии Ӯзбекистон бо истифода аз технологияҳои муосир баҳои баланд доданд. Онҳо изҳор намуданд, ки ислоҳотеро, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ карда мешаванд, дастгирӣ мекунанд, инчунин ба хушсифат татбиқ намудани лоиҳаҳо омодаанд
Сипас, сарвари давлатамон бо пахши тугмаи рамзӣ ҳамроҳ бо сармоягузорон ба сохтмони неругоҳи барқии ҳароратӣ шурӯъ карданд. Ба истифода додани неругоҳ охири соли 2024 пешбинӣ шудааст.