Дар шароити камбуди об дар минтақаи мо истифодаи оқилона ва сарфакоронаи он масъалаи ниҳоят муҳим мебошад. Дар Ӯзбекистон ба ин масъала таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад: шабакаҳои обёрӣ таъмир карда мешаванд, технологияҳои обсарфакунанда ҷорӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар солҳои 2020–2024 барои ин мақсадҳо 60 триллион сӯм аз буҷет ва 622 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ равона шудааст. Агар соли 2020 масоҳате, ки дар он технологияҳои обсарфакунанда истифода мешуданд, ҳамагӣ 4 фоизи заминҳои обёришавандаро ташкил медод, соли 2025 ин нишондиҳанда ба 50 фоиз расид.
Дар идомаи ин саъю кӯшишҳо барномаи идоракунии захираҳои об ва рушди соҳаи обёрӣ барои солҳои 2025–2028 таҳия гардид.
Дар тақдимот масъулон оид ба тадбирҳои дар барнома пешбинишуда гузориш доданд.
Дар барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи самараноки захираҳои об равона шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки 2 551 километр шабакаҳои обёрӣ бозсозӣ шаванд. Иваз намудани таҷҳизоти кӯҳнаи истгоҳҳои насосӣ бо таҷҳизоти каммасрафи энергия имкон медиҳад, ки истеъмоли солонаи барқи онҳо аз 6,8 то 6,2 миллиард киловатт-соат коҳиш ёбад.
Вазъи хок яке аз омилҳои муҳими масрафи об аст. Пешбинӣ шудааст, ки масоҳати заминҳои дорои таъминоти пасти об аз 424 ҳазор то 276 ҳазор гектар коҳиш ёбад, ҳамчунин ҳолати заминҳои дорои дараҷаи баланди шӯршавӣ ва сатҳи наздики обҳои зеризаминӣ беҳтар гардад. Ба туфайли ин, 460 ҳазор гектар замин дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонда мешавад.
Дар масоҳати 1,4 миллион гектар технологияҳои обсарфакунанда ҷорӣ мешаванд, ки аз он 293 ҳазор гектар — бо обёрии қатрагӣ фаро гирифта мешавад. Дар 20 иншооти бузург таҷҳизоти назорату ченкунии об модернизатсия карда мешавад.
Барои коҳиш додани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисобу назорати об дар 12 ҳазор чоҳи мелиоративӣ ва 1 750 насос мониторинги муосир насб мегардад. Дувоздаҳ иншооти бузурги гидротехникӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ба идоракунии автоматӣ гузаронида мешаванд.
Дар натиҷаи барнома ҳиссаи каналҳои дорои рӯйпӯши бетонӣ аз 39 фоизи ҳозира то 47 фоиз меафзояд, сифати шабакаҳои обёрӣ беҳтар шуда, талафоти об кам мегардад. Интизор меравад, ки ба шарофати сарфакорӣ имсол 10 миллиард метри мукааб ва то соли 2028 то 14 миллиард метри мукааб об сарфа карда шавад.
Сарвари давлат ин таклифҳоро маъқул дониста, Барномаи идоракунии захираҳои об ва рушди соҳаи обёрӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2025–2028-ро қабул кард.
Дар ҷараёни тақдимоти лоиҳа ҳамчунин оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва рақамигардонии соҳа, густариши иштироки бахши хусусӣ маълумот пешниҳод шуд.
Айни ҳол раванди автоматиконии 18 755 гидропости вилоятҳо, ноҳияҳо ва хоҷагиҳо оғоз гардидааст, марҳилаи навбатӣ таҷҳизонидани нуқтаҳои тақсими об дар заминҳои кишоварзӣ мегирад.
Масъалаи рақамигардонии хоҷагии об махсус баррасӣ шуд. Дастур дода шуд, ки 11 барномаи соҳавӣ ба як платформаи ягона муттаҳид карда, маркази IT ва маркази ситуатсионӣ бо истифодаи васеи имкониятҳои «Ӯзбеккосмос» таъсис дода шаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки 5 200 насоси обкаш бо ҳисобкунакҳои қувваи барқ ва об таъмин карда шаванд ва насосҳои бузург ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда гузаронда шаванд. Маълумоти бадастомада дар платформаи рақамӣ ҷамъ оварда, самаранокии иқтисодии истифодаи об таҳлил карда мешавад.
Дар айни ҳол 2 612 иншооти обӣ ба идораи бахши хусусӣ супорида шудааст, минбаъд низ насосҳои бузурги обкаш бо фароҳам овардани шароити ҷолиб барои сармоягузорон ба бахши хусусӣ пешниҳод мегарданд.
Соли гузашта дар заминаи шуъбаҳои ирригатсионии ноҳияҳо 159 муассисаи давлатии хидматрасонии обтаъминкунӣ таъсис ёфт. Барои беҳтар кардани фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст, ки ба онҳо ҳуқуқи мустақилона тақсим намудани маблағҳои худ дода шавад.
Бо дарназардошти он ки сифати хидматрасонӣ ва самаранокии соҳа аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи ихтисоси мутахассисон вобаста аст, нақшаи таъсиси маркази таълимӣ барои 200 ҷой бо мақсади такмили ихтисоси кормандон таҳия шудааст.
Президент дастур дод, ки заминаи меъёрии соҳа такмил дода, самаранокии истифодаи об баланд бардошта шавад ва дар ҷомеа маданияти муносибати сарфакорона ба об тақвият ёбад.
