Насли нави соҳибкорон ва одамони кордон – дастоварди бузурги кишвари мо

    20 август дар Тошканди Нав маросими тантанавии супоридани мукофотҳо ба соҳибкорон баргузор гардид.

    Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 августи соли ҷорӣ, гурӯҳи соҳибкороне, ки дар рушди иқтисод ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар, офаридани ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо унвонҳои фахрӣ, орденҳо ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

    20 август дар Тошканди Нав маросими ботантанаи супоридани ин мукофотҳо баргузор шуд.

    Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳозиринро бо Рӯзи соҳибкорон ва фарорасии Рӯзи истиқлолият табрик намуд.

    – Имрӯз дар ин чорабинӣ ман хурсанд ҳастам, ки соҳибкорони пешсаф – намояндагони пешқадами ҷомеаи моро мебинам. Вақте ки мо ислоҳоти васеъмиқёсро дар ин соҳа оғоз кардем, ҳам иқтисоддонҳо ва ҳам худи соҳибкорон баъзе нигарониҳои муайян доштанд. Аммо мо наистодем, бо эътимод ба муваффақият ва нерӯ фароҳам овардани шароитро идома додем. Мо масъулонро водор кардем, ки ба соҳибкорон гӯш диҳанд. Ин самар дод – эътимод миёни давлат ва бизнес мустаҳкам шуд, тамоми ҷомеа иттифоқчии соҳибкор гардид, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Зикр карда шуд, ки соҳибкорони кишвар бо ғояҳо ва ташаббусҳои нав тамоми соҳаҳоро ба пеш мебаранд, бо онҳо барномаҳои васеъ татбиқ мегарданд.

    – Мо барои соҳибкорӣ шароит фароҳам овардем ва соҳибкорон такягоҳи боэътимоди давлат шуданд. Дар тӯли 4–5 соли охир шуғли 7,5 миллион нафар таъмин гардид. Танҳо дар ҳамин сол зиёда аз 3 миллион ҷойҳои нави корӣ офарида шуд. Оё бе беҳтар гардидани иқлими сармоягузорӣ ва муҳити бизнес чунин натиҷаҳо имконпазир мебуданд? – таъкид кард Президент.

    Бешубҳа, бе худи соҳибкорон ба даст овардани ин муваффақиятҳо ғайриимкон буд. Имрӯз маҳз онҳо нерӯи ҳаракатдиҳандаи иқтисод дар бахшҳои гуногун, махсусан дар деҳот мебошанд, ки аҳолиро бо даромади устувор таъмин мекунанд. Таҷрибаи омодасозии садҳо ҳазор ҷавонон ва занон, омӯзиши онҳо ба соҳибкорӣ низ натиҷаи ҳамкории муштарак бо бизнес аст.

    – Ташаккул додани насли нави соҳибкорон ва тоҷирон дар кишвари мо — сарвати бузург ва дастоварди мо мебошад, – гуфт Президент. – Зеро ҳар як соҳибкор даҳҳо одамро бо худ мебарад, ба онҳо кор меомӯзонад, ҷойҳои корӣ ва даромад эҷод мекунад, ба ҳаёти ҷомеа нафаси нав меорад. Шуморо ба ҳақ метавон қаҳрамонони Ӯзбекистони Нав номид.

    Мутобиқи анъанае, ки бо ташаббуси сарвари давлат ҷорӣ шудааст, ҳамасола соҳибкорони беҳтарин бо мукофотҳои олии Ватан сарфароз мегарданд. Имсол ҳангоми интихоби номзадҳо ба онҳое таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд, ки барои ҷомеаи соҳибкорӣ намунаи ибрат гардидаанд, натиҷаҳои мушаххас ба даст оварда, тавассути истеҳсол ва содирот ба рушди минтақаҳо ва кишвар дар маҷмӯъ саҳми назаррас мегузоранд.

    Дар маросим сарвари давлат бо тантана мукофотҳои давлатиро ба соҳибонашон супорид.

    Лауреатҳо барои дастгирии доимӣ ва баҳои баланди меҳнаташон ба Президент изҳори миннатдорӣ карданд.

    Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимон ва зиёиён ширкат варзиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates